https://sputnik.tj/20230404/shirkati-rusi-vmkb-korgar-mejuyad-1056181828.html
Ширкати русӣ дар ВМКБ коргар меҷӯяд
Ширкати русӣ дар ВМКБ коргар меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия ба корҷӯёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маош ва шароити хуби корӣ ваъда доданд
2023-04-04T20:10+0500
2023-04-04T20:10+0500
2023-04-04T20:10+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
вмкб
коргарон
ҷустуҷӯ
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056181961_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_fee819cccc3b854c7f122d512b765fe6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев вохурии намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия бо корҷӯёи шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иттилоъ додааст сомонаи “Нигини Хоруғ”.Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ намояндагони ин ширкати бонуфузи Русия дар бораи шаклҳои хизматрасонӣ маълумот дода, иброз доштанд ки корҷуён дар асоси қарордоди байнидавлатӣ ба кор ҷалб гардида, аз тарафи ширкати мазкур маблағи чиптаи ҳавопаймо ва дигар ҳуҷатҳои зарури барои кор дар Русия пардохт карда мешавад.Намояндагони ширкат таъкид крданд, ки шароити лозимии кор барои муҳоҷирон фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб, ҳамом ва 3 вақт хуроки гарму либоси махсуси корӣ таъмин карда мешаванд.Ширкати мазкур хабар дод, ки ба беш аз 14 хазор нафар корманд эҳтиёҷ дорад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3,5 хазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи миёна дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ба кор машғул мебошанд.“Кор дар самтҳои гуногун ба хусус анборҳои нигаҳдории масолеҳи сохтмонӣ инчунин фаъолият дар корхонаҳои сабуки саноатӣ, ки ба истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти бофандагӣ сару кор мегиранд, ҷараён мегирад”,- иттилоъ додааст намояндагони ширкат.Намояндагони ин ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни маркази ВМКБ-и шаҳри Хоруғ дар шакли намоиш шароити кор дар ин ширкати бонуфузро муаррифӣ намуданд.Ширкати “Первая экспедиционая компания” яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта,зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20230404/bozdid-kormandon-saforat-muhojiron-bozdoshgoh-sakharova-1056176292.html
русия
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056181961_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_4b8d0015abaea530f6f74bfc576179a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, вмкб, ширкати русӣ, коргар, меҷӯяд, русия
тоҷикистон, муҳоҷират, вмкб, ширкати русӣ, коргар, меҷӯяд, русия
Ширкати русӣ дар ВМКБ коргар меҷӯяд
Намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия ба корҷӯёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маош ва шароити хуби корӣ ваъда доданд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев вохурии намояндагони ширкати “Первая экспедиционая компания”-и Русия бо корҷӯёи шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иттилоъ додааст сомонаи “Нигини Хоруғ”.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ намояндагони ин ширкати бонуфузи Русия дар бораи шаклҳои хизматрасонӣ маълумот дода, иброз доштанд ки корҷуён дар асоси қарордоди байнидавлатӣ ба кор ҷалб гардида, аз тарафи ширкати мазкур маблағи чиптаи ҳавопаймо ва дигар ҳуҷатҳои зарури барои кор дар Русия пардохт карда мешавад.
Намояндагони ширкат таъкид крданд, ки шароити лозимии кор барои муҳоҷирон фароҳам оварда шуда, онҳо бо ҷойи хоб, ҳамом ва 3 вақт хуроки гарму либоси махсуси корӣ таъмин карда мешаванд.
Ширкати мазкур хабар дод, ки ба беш аз 14 хазор нафар корманд эҳтиёҷ дорад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3,5 хазор нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи миёна дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ба кор машғул мебошанд.
“Кор дар самтҳои гуногун ба хусус анборҳои нигаҳдории масолеҳи сохтмонӣ инчунин фаъолият дар корхонаҳои сабуки саноатӣ, ки ба истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти бофандагӣ сару кор мегиранд, ҷараён мегирад”,- иттилоъ додааст намояндагони ширкат.
Намояндагони ин ширкати хориҷӣ бо корҷӯёни маркази ВМКБ-и шаҳри Хоруғ дар шакли намоиш шароити кор дар ин ширкати бонуфузро муаррифӣ намуданд.
Ширкати “Первая экспедиционая компания” яке аз бузургтарин ширкати логистикии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта,зиёда аз 300 намояндагии он дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаъолият доранд.