Боздиди кормандони сафорат аз ҳоли муҳоҷирон дар боздошгоҳи Сахарова

© Сафорати Тоҷикистон дар РусияКормандони сафорат дар Маркази Сахарова
Кормандони сафорат дар Маркази Сахарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Кормандони сафорати Тоҷикистон зимни боздид аз боздоштгоҳи Сахарова ба муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда ваъда доданд, ки онҳо ба зудӣ ба Тоҷикистон бармегарданд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ахиран кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахароваи шаҳри Маскав боздид намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Зимни боздид мулоқоти кормандони сафорат бо масъулини ин марказ сурат гирифт.
“Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, инчунин шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт”,- таъкид кардааст сафорат.
Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфт.
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шуд
Таъкид шудааст, ки ба шаҳрвандон дар бораи тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати риояи қонунҳо ва саривақт барасмиятдарории ҳуҷҷатҳояшон тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.
Лентаи хабарҳо
0