Оғози фаъолияти дубораи консулгарии Русия дар Мазори Шариф

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану
Замир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии ҳукумати феълии Афғонистон аз фаъолиятҳои консулгарии Русия дар қаламрави ин кишвар хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муовини сухангӯии вазорати хориҷаи ҳукумати толибҳо Ҳофиззиё Аҳмад Такал ахиран ба нақл аз Замир Кобулов намояндаи вижаи Русия дар умӯр Афғонистон мегуяд, ки Русия умури консулии худ дар шаҳри мазор Шарифи Афғонистонро аз сар гирифтааст .
Ба гуфта оқои Такал чанд моҳи пеши ҳайатҳои техникии Русия ба кишвар бо ҳадафи омодасозӣ умури консулии он кишвар омада буданд ва акнун Рӯсия фаъолиятҳои консулии худ дар мазор Шрифро аз сар гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки баъд ба сари қудрат расидани толибҳо фаъолиятҳои консулии Русия дар Мазор Шариф мутаваққиф шуда буд.
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Русия аз афзоиши кормандони сафорати Афғонистон дар Маскав ва содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Афғонистон хабар дода буд.
Замир Кобулов гуфта буд, ки мақомоти Русия муҷаввизи афзоиши кормандони сифорати Афғонистон дар Маскавро содир карданд.
"Мо иҷозаи додем кормандони сифоратро афзоиши диҳем, қаблан як нафар буд акнун се нафар шуданд".
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро беш аз як соли аст, ки толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гурӯҳ нимаи августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0