https://sputnik.tj/20230404/halokat-pisar-khurdsol-kuhiston-janub-tojikiston-1056139472.html
Ҳалокати писари хурдсол дар куҳистони ҷануби Тоҷикистон: тафсилот
Ҳалокати писари хурдсол дар куҳистони ҷануби Тоҷикистон: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷануби Тоҷикистон боз як ҳодисаи нохуш сабт шуд, ки дар дар натиҷа як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид. КҲФ аз сокинон хостааст, ки ба тавсияҳояш амал кунанд
2023-04-04T12:12+0500
2023-04-04T12:12+0500
2023-04-04T12:12+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031749673_0:1:3000:1689_1920x0_80_0_0_b31678bb96121f2e8e8829440cf298ff.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон писарбачаи даҳсола ҳангоми ҷамъоварии занбурӯғ ба ҳалокат расид, Дар ин бора сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова @Sputnik_Tajikistan гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Питов-2, ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинги сар задааст.Маълум шуд, ки писарбача ҳамроҳи дӯстонаш ба кӯҳистон, воқеъ дар наздикии деҳаашон рафта, ҳангоми гузаштан аз дарё лағжида ба об меафтад. Ҳамраҳонаш ба ӯ кумак карда наметавонанд ва ноболиғ ғарқ мешавад.Гуфта мешавад, ки пас аз як амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро 50 метр поёнтар дар ҷои ҳодиса пайдо карданд.Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳолати фавти ноболиғон дар чунин ҳолат набуда, қаблан низ дар ноҳияи Мӯъминобод, кӯдаки ҳафт сола зери сел афтода, ҷон бохта будҲодиса замоне рух медиҳад, ки кӯдак барои бурдани хӯрок ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, рух додааст.КҲФ қайд кард, ки тайи чанд рӯзи охир борҳо ба аҳолӣ муроҷиат намуда, аз номусоидии обу ҳаво ҳушдор додаанд, аммо сокинон на ҳамеша онро риоя мекунанд. Раёсат аз мардуми маҳаллӣ даъват мекунад, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, занбӯруғ, ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20230401/khatlon-kudak-zeri-sel-mond-1055908067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031749673_374:0:2626:1689_1920x0_80_0_0_72d8bf1411e3db97afc1e23e725f869d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат писар хурдсол куҳистон ҷануб тоҷикистон тафсилот
ҳалокат писар хурдсол куҳистон ҷануб тоҷикистон тафсилот
Ҳалокати писари хурдсол дар куҳистони ҷануби Тоҷикистон: тафсилот
Дар ҷануби Тоҷикистон боз як ҳодисаи нохуш сабт шуд, ки дар дар натиҷа як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид. КҲФ аз сокинон хостааст, ки ба тавсияҳояш амал кунанд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон писарбачаи даҳсола ҳангоми ҷамъоварии занбурӯғ ба ҳалокат расид,
Дар ин бора сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова @Sputnik_Tajikistan гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Питов-2, ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинги сар задааст.
Маълум шуд, ки писарбача ҳамроҳи дӯстонаш ба кӯҳистон, воқеъ дар наздикии деҳаашон рафта, ҳангоми гузаштан аз дарё лағжида ба об меафтад.
Ҳамраҳонаш ба ӯ кумак карда наметавонанд ва ноболиғ ғарқ мешавад.
Гуфта мешавад, ки пас аз як амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро 50 метр поёнтар дар ҷои ҳодиса пайдо карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳолати фавти ноболиғон дар чунин ҳолат набуда, қаблан низ дар ноҳияи Мӯъминобод, кӯдаки ҳафт сола зери сел афтода, ҷон бохта буд
Ҳодиса замоне рух медиҳад, ки кӯдак барои бурдани хӯрок ба бародари худ, ки дар кӯҳ чорво мечаронд, рух додааст.
КҲФ қайд кард, ки тайи чанд рӯзи охир борҳо ба аҳолӣ муроҷиат намуда, аз номусоидии обу ҳаво ҳушдор додаанд, аммо сокинон на ҳамеша онро риоя мекунанд.
"Набояд ба огоҳӣ ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдор беэҳтиётона муносибат кард", - гуфта мешавад дар изҳороти наҷотдиҳандагон.
Раёсат аз мардуми маҳаллӣ даъват мекунад, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, занбӯруғ, ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.