Ҳаким Фузайлов "Бухоро"-ро тарк кард: сабаб

© Федерация футбола Таджикистана / Гузариш ба медиабонкХаким Фузайлов. Архивное фото
Хаким Фузайлов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Мутахассиси тоҷик, ки дар дастаи узбекистонӣ фаъолияти дурахшон дошт, аз мақомаш рафт ва ҳоло ба ҷойи ӯ мураббии узбек таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Мутахассис шинохтаи тоҷик Ҳаким Фузайлов фаъолияти мураббигияшро дар дастаи “Бухоро”-и Узбекистон хотима дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳ, қарордод бо розиигии ҷонибҳо бекор карда шуд.
Вазъи саломатии мутахассиси варзидаи тоҷик сабаби аслии рафтанаш аз даста шудааст.
Ҳамин тариқ ба ҷойи Фузайлов ба ҳайси мураббии “Бухоро” Улуғбек Бакаеви узбек таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки мураббӣ соли 2022 ба дастаи узбекистонӣ гузашт ва ахиран созишномаи ӯ то охири соли 2023 тамдид карда шуд.
Корномаи Фузайлов дар “Бухоро” аз ҷониби бошгоҳ мувафақона арзёбӣ шудааст, зеро даста зери роҳбарии 32 бозӣ гузаронида, аз он 15 ғалаба, 9 мусовӣ, 9 бохт доштааст.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Тими футболи “Файзканд” ба бозигаронаш маош намедиҳад
Ҳамчунин ӯ, дастаро аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар бароварда, соҳиби медали нуқра кард.
Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи "Бухоро" ва "Динамо"-и Самарқанд оғоз шудааст. Ҳамчунин аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар "Ростов" ва "Локомотив"-и Маскав мураббии селексионер буд.
Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти "Локомотив" -и Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин гардида буд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.
Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои "Истиқлол" ва "Куктош"-ро тамрин додааст. Баъдан сармураббии тими "Каганат"-и Қирғизистон ва дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон буд.
Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.
Лентаи хабарҳо
0