https://sputnik.tj/20230403/sath-jinoyatkori-mintaqa-tojikiston-1055930619.html
Сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон
Сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон тайи 12 моҳи соли 2022 наздики 22,5 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт шудаанд
2023-04-03T14:45+0500
2023-04-03T14:45+0500
2023-04-03T14:45+0500
тасвирбаён
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сабт
ошкор
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925955_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_bd41bd7f4eaf36aa478d7638d7bf8554.png
Аз беш аз 1 ҳазор ҷинояте, ки давоми моҳҳои январ - декабри соли 2022 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудаанд, зиёда аз 90%-ашон ошкор гардидаанд. Ин нукта дар ҳисоботи Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ таъкид шудааст. Теъдоди ҷиноёти сабтгардида дар вилояти Суғд зиёда аз 6 ҳазор арзёбӣ гардидааст. Сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар шимоли ҷумҳурӣ дар сатҳи 86% нишон дода шудааст. Шумораи ҷиноёти сабтгардида дар ҳудуди Душанбе зиёда аз 4,5 ҳазор адад муаррифӣ шудааст, ки наздики 32%-и онҳо ошкорнашуда боқӣ мондаанд.Даҳҳо дурбин тартибот дар Хоруғро назорат мекунанд Дар Хатлон зиёда аз 6,3 ҳазор ҷиноят сабт гардидааст. Сатҳи ошкоршавӣ дар сатҳи қариб 79% қарор гирифтааст. Сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо дар соли 2022 ба дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 67% шудааст. Шумораи ҷиноёти сабтгардида дар навоҳии тобеи марказ беш аз 4,2 ҳазор арзёбӣ гардидаст. Маҷмуан дар соли 2022 дар Тоҷикистон наздики 22,5 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт шудаанд. Қисмати бештари ҷиноёти сабтгардида ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рост меоянд. Милисаҳои тоҷик зиёда аз 18,2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифтаанд, ки беш аз 14,6 ҳазор ададашонро ошкор кардаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1055925955_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_1c08a054adb6890c4834464dfbb7ba19.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ошкор, ҷиноят, тоҷикистон, чӣ қадар, сабт
ошкор, ҷиноят, тоҷикистон, чӣ қадар, сабт
Сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон
Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон тайи 12 моҳи соли 2022 наздики 22,5 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт шудаанд
Аз беш аз 1 ҳазор ҷинояте, ки давоми моҳҳои январ - декабри соли 2022 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудаанд, зиёда аз 90%-ашон ошкор гардидаанд.
Ин нукта дар ҳисоботи Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ таъкид шудааст.
Теъдоди ҷиноёти сабтгардида дар вилояти Суғд зиёда аз 6 ҳазор арзёбӣ гардидааст. Сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар шимоли ҷумҳурӣ дар сатҳи 86% нишон дода шудааст.
Шумораи ҷиноёти сабтгардида дар ҳудуди Душанбе зиёда аз 4,5 ҳазор адад муаррифӣ шудааст, ки наздики 32%-и онҳо ошкорнашуда боқӣ мондаанд.
Дар Хатлон зиёда аз 6,3 ҳазор ҷиноят сабт гардидааст. Сатҳи ошкоршавӣ дар сатҳи қариб 79% қарор гирифтааст.
Сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо дар соли 2022 ба дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 67% шудааст. Шумораи ҷиноёти сабтгардида дар навоҳии тобеи марказ беш аз 4,2 ҳазор арзёбӣ гардидаст.
Маҷмуан дар соли 2022 дар Тоҷикистон наздики 22,5 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт шудаанд.
Қисмати бештари ҷиноёти сабтгардида ба мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рост меоянд. Милисаҳои тоҷик зиёда аз 18,2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифтаанд, ки беш аз 14,6 ҳазор ададашонро ошкор кардаанд.