Размоиш бо маҷмааи мушакии "Ярс" дар Сибир - видео

Обуна шудан
Мақомоти мудофиаи Русия навори размоиш бо иштироки воҳидҳои мушакии кишварро намоиш доданд, ки дар шароити ҷангалу сардӣ амалӣ шудааст
Тамринҳои воҳидҳои мушакии Новосибирск, ки дар он беш аз 3 ҳазор нафар низомиён ва маҷмааҳои стратегии "Ярс" ширкат доштанд, ба поён расид.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як навор аз ҷараёни размоишҳо хабар додааст.
Пеши низомиён дар машқҳои гузашта рӯйхати васеи вазифаҳоро гузошта буданд, ки ҳаракату амалиёт дар хатсайрҳои посбонии ҷангӣ аз ҷумлаи онҳо арзёбӣ шудаанд.
"Экипажҳои маҷмааҳои сайёри мушакии "Ярс" масъалаҳои анҷом додани гузашт ба масофаи то 100 километр, иваз кардани ҷузъу томҳо бо тағйир додани мавқеи саҳроӣ, таҷҳизоти муҳандисии онҳо, ташкили махфигоҳ ва муҳофизатро машқ карданд", - гуфтанд дар Вазорати дифоъ.
СААД омодагӣ ба "Бародарии ҷангӣ - 2023"-ро баррасӣ кард
Инчунин, дар ҷараёни машқҳо мушакандозҳои стратегӣ муқовимат ба амалиёти иктишофӣ ва тахрибкории душмани шартиро машқ карданд.
Дар тамринҳои шашрӯза дар Сибир ба ҷуз аз теъдоди зиёди низомиён, беш аз 300 адад техника низ ҷалб шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, системаҳои мушакии стратегии “Ярс”-и Русия бо мушаки баллистикии байниқитъавии қавӣ қодир ба зарба задан ба ҳадафҳо дар масофаи то 11 000 километр буда, бо кулоҳакҳои ҷудошаванда муҷаҳҳаз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0