Алмаато ба пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии СҲШ табдил ёфт

CC BY 2.0 / Ken and Nyetta / Central Astana on a SunnyАлматы зимой, архивное фото
Алматы зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Обуна шудан
Давоми солҳои 2023- 2024 як шаҳри Қазоқистон макони ҷалби ҷашнвораҳои гуногуни сайёҳӣ ва фарҳангӣ ва марафонҳои кишварҳои СҲШ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Алмаато пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай интихоб шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон.
Гуфта мешавад, ки вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ аз пешниҳоди тасвиби Алмаато дар ин мақом дар давраи солҳои 2023-2024 пуштибонӣ кардаанд.
Раёсати Қазоқистон дар СҲШ-ро як барномаи ғании фарҳангӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Дар ҷаласа (онлайн), ки дар он тасмим гирифта шуд, намояндагони Ҳиндустон, Чин, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Русия ва Покистон ширкат доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Асхат Оралов масъалаи додани мақоми пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии ин созмонро матраҳ кард, ки вакилон ва муовини дабири кулли СҲШ Ҷанеш Кейн аз пешниҳоди ӯ ҷонибдорӣ карданд.
"Мо аллакай нақшаеро таҳия кардаем, ки дар он 14 чорабинӣ дар Алмаато пешбинӣ шудааст. Инҳо ҷашнвораҳои байналмилалии сайёҳию фарҳангӣ ва марафонҳо мебошанд", — гуфт Оралов.
Вай ҳамчунин афзуд, ки имрӯз дар тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои СҲШ дар ҳама бахшҳо тамоюли мусбат мушоҳида мешавад ва гардишгарӣ низ истисно нест.
Мужчина с мегафоном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Қазон довталаби мизбонии бозиҳои СҲШ шуд
Ба гуфтаи ӯ, тасвиби Алмаато ба унвони пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба беҳтар шудани нишондодҳои сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Вай инчунин ҳамаро даъват кард, ки ба кишвар сафар кунанд ва бо ҷойҳои ҷолиби диққат шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон аз моҳи июли соли 2023 то июли соли 2024 раёсати Созмони ҳамкориҳои Шанхайро бар уҳда хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0