Кӯдак дар ҳолати вазнин: Шарҳи расмии афтодани санг ба сари хурдсол дар Душанбе

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе ба таҳқиқи ҳодисаи нохуш дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ оғоз кардаанд, ки боиси ҷароҳати вазнини кӯдак шудааст
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аз девори бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ 14-и шаҳри Душанбе сангпораҳо ба сари писарчаи ноболиғи 9-сола афтидаанд.
Ба иттилои раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ҳодиса 1 апрел замоне рух додааст, ки кӯдак - истиқоматкунандаи кӯчаи мазкур дар пеши бино ба бозӣ ва гашту гузор машғул будаст.
Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад. Мақомоти умури дохилии Душанбе ҳолати кӯдакро аз қавли табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.
Шарҳи расмии мақомот дар бораи ин ҳолат дар ҳолест, ки қаблан навори ин ҳодиса ин шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва боиси баҳсҳо гардид.
Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
Шаҳрвандон аз мақомот хостанд, ҳодисаро таҳқиқ ва омилонро муҷозот кунанд, то дар оянда аз чунин ҳолатҳо ҷилавгирӣ карда шавад.
Мақомот мегӯянд, дар пайи сангрезӣ аз бинои баландошёна инчунин худрави як сокини ин маҳалла низ осеб дидааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки сангҳо ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи "Опел Астра", ки ба истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ тааллуқ дорад, афтида зарари техникӣ расондаанд.
Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0