Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© Sputnik Цветы в городе Душанбе в центре города
Цветы в городе Душанбе в центре города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Обуна шудан
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар қисматҳои марказии кишвар то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳавои пойтахти Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар мебошад, иттилоъ дод Агенти ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 23 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар шарқи ВМКБ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Вилояти Суғдро ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар пеш аст. Танҳо дар навоҳии кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ баъзан боридани барфу борон аз эҳтимол дур нест.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Апрел дар Тоҷикистон аз меъёр гармтар хоҳад омад
Ҳарорат дар водиҳои шимоли ҷумҳурӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ гардидааст.
Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш фаро гирифта, дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Дар Душанбе низ боришот дар назар набуда, ҳарорат шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0