https://sputnik.tj/20230331/aprel-tojikiston-meyor-garmtar-khohad-1055874530.html
Апрел дар Тоҷикистон аз меъёр гармтар хоҳад омад
Апрел дар Тоҷикистон аз меъёр гармтар хоҳад омад
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи дуюми фасли баҳор низ дар Тоҷикистон гарм пешгӯӣ шуда, дар зимн боронҳои шадид, раъду барқ ва боридани жола низ дар назар мебошад
2023-03-31T10:55+0500
2023-03-31T10:55+0500
2023-03-31T10:55+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
пешгирӣ
иҷтимоъ
вмкб
хатлон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050159228_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_1fb87276786bc17437f3a85228a71b95.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар давоми апрел аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа болотар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агенти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи моҳи дуюми баҳор дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар мебошад. Дар рӯзҳои алоҳида боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамол то 22 метр дар як сония пешгӯӣ мегардад. Ҳавошиносони Тоҷикистон дар мавриди ҳарорат дар пойтахти ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки нишондоди миёнаи он аз 15 то 23 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд - ба ҳисоби миёна аз 15 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати миёнаи моҳона дар Хатлон низ аз меъёр 1 дараҷа боло пешгӯӣ гардида, нишондиҳандаи он дар давоми моҳ дар водиҳои ҷануби кишвар аз 26 то 34 ва шабона аз 13 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 14 ва рӯзона аз 17 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар моҳи апрел дар қаламрави вилояти Суғд ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то 17 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят 2 то 6 дараҷа гарм пешгӯӣ гардида, рӯзҳои аввали моҳ эҳтимоли барфрезӣ ҷой дорад.
https://sputnik.tj/20230329/ruz-okhir-mart-tojikiston-khatarnok-1055835009.html
вмкб
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050159228_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f6d9c9df28e0352e652a7bbd3fbf5fc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаво, апрел, тоҷикистон, чӣ гуна, баҳор
ҳаво, апрел, тоҷикистон, чӣ гуна, баҳор
Апрел дар Тоҷикистон аз меъёр гармтар хоҳад омад
Моҳи дуюми фасли баҳор низ дар Тоҷикистон гарм пешгӯӣ шуда, дар зимн боронҳои шадид, раъду барқ ва боридани жола низ дар назар мебошад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар давоми апрел аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа болотар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агенти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи моҳи дуюми баҳор дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар мебошад.
Дар рӯзҳои алоҳида боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамол то 22 метр дар як сония пешгӯӣ мегардад.
Ҳавошиносони Тоҷикистон дар мавриди ҳарорат дар пойтахти ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки нишондоди миёнаи он аз 15 то 23 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд - ба ҳисоби миёна аз 15 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳарорати миёнаи моҳона дар Хатлон низ аз меъёр 1 дараҷа боло пешгӯӣ гардида, нишондиҳандаи он дар давоми моҳ дар водиҳои ҷануби кишвар аз 26 то 34 ва шабона аз 13 то 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 14 ва рӯзона аз 17 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳарорати ҳаво дар моҳи апрел дар қаламрави вилояти Суғд ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то 17 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят 2 то 6 дараҷа гарм пешгӯӣ гардида, рӯзҳои аввали моҳ эҳтимоли барфрезӣ ҷой дорад.