ВМКБ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро кард

© Горно-Бадахшанская Автономная ОбластьПризывники в армию Таджикистана в Бадахшане
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Обуна шудан
Раиси вилоят изҳор дошт, ки ВМКБ панҷ сол пайи ҳам нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро дар рӯзи аввал иҷро мекунад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 1 апрел бо иштироки Алишер Мирзонабот, роҳбарият ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарбозону наваскарон, волидайн, собиқадорони меҳнат, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо маросими гусели навдаъватшудагон баргузор гардид.
Ба хотири ин маърака аз назди Боғи Ғалаба то майдони Театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ раҳаймоии оммавӣ бо ҷалби қишри васеи ҷомеа низ доир шуд.
Манбаъ меафзояд, раиси вилоят зимни суханронии худ қайд намуд, ки панҷ соли охир ҷавонони ин минтақа худихтиёрона ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои муҳофизати Ватан омодагии худро нишон медиҳанд.
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Оғози даъвати баҳорӣ: Вазорат мегӯяд, танҳо ҷавонони солиму бардам интихоб мешаванд
Ӯ гуфт, ҷавонони вилоят бо интизоми намунавӣ, дониши хуби ҳарбию техникӣ ва ҷасорату қавииродагии худ, на танҳо ифтихори волидайн, балки сарбаландии ҷомеа мебошанд.
Дар ин рӯз ба чанде аз навдаъватшудагон, ки курси ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Ҳамчунин ба хотири наваскарон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ роҳи қонунии то як моҳ коҳиш додани мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Ҳамин тариқ, ҷавонон дар даъвати тирамоҳӣ метавонистанд 420 нишондод, ё каме камтар аз 26,9 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.
Соли 2023 чунин хизматрасонӣ гарон шуда, ҳоло 28,5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0