https://sputnik.tj/20230401/oghoz-davat-bahor-vazorat-javonon-solim-intikhob-meshavand-1055908846.html
Оғози даъвати баҳорӣ: Вазорат мегӯяд, танҳо ҷавонони солиму бардам интихоб мешаванд
Оғози даъвати баҳорӣ: Вазорат мегӯяд, танҳо ҷавонони солиму бардам интихоб мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меоянд, тайи солҳои ахир афзоиш ёфтааст 01.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-01T13:15+0500
2023-04-01T13:15+0500
2023-04-01T13:15+0500
дар тоҷикистон
вазорати мудофиа
амният ва мудофиа
даъват ба сафи ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_0:44:1601:944_1920x0_80_0_0_3cf1e261d33c550bf2533ffa9d1725fb.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сар аз 1 апрел оғоз ёфт ва то моҳи май идома хоҳад кард.Даъвати ҷавонони синни хизмат дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат сурат мегирад. Ҳамчунин тибқи фармони президент, ҷавононе, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбии онҳо ба поён расид, рухсат дода мешаванд.Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, имсол шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд буда, масъулини мақомоти вобаста ба даъват аз байни онҳо танҳо ҷавонони солиму бардамро интихоб мекунанд.Манбаъ меафзояд, тайи солҳои охир шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ афзун гардида, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома, ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд.Аз лиҳози анҷом додани нақшаи даъват ҳамасола Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешсаф аст. Ин вилоят нақшаи даъватро чанд сол боз дар рӯзи аввали даъват анҷом медиҳад.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд.Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ роҳи қонунии то як моҳ коҳиш додани мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон вуҷуд дорад.Ҳамин тариқ, ҷавонон дар даъвати тирамоҳӣ метавонистанд 420 нишондод, ё каме камтар аз 26,9 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.Соли 2023 чунин хизматрасонӣ гарон шуда, ҳоло 28,5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
https://sputnik.tj/20230328/dodsitoni-nizomi-tojikiston-davat-artish-nazorat-1055797360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_37:0:1458:1066_1920x0_80_0_0_891b374e34a14ed6936ffe184c31598b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати мудофиа, амният ва мудофиа, даъват ба сафи ҳарбӣ
дар тоҷикистон, вазорати мудофиа, амният ва мудофиа, даъват ба сафи ҳарбӣ
Оғози даъвати баҳорӣ: Вазорат мегӯяд, танҳо ҷавонони солиму бардам интихоб мешаванд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи ҷавонписароне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меоянд, тайи солҳои ахир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сар аз 1 апрел оғоз ёфт ва то моҳи май идома хоҳад кард.
Даъвати ҷавонони синни хизмат дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат сурат мегирад. Ҳамчунин тибқи фармони президент, ҷавононе, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбии онҳо ба поён расид, рухсат дода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, имсол шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд буда, масъулини мақомоти вобаста ба даъват аз байни онҳо танҳо ҷавонони солиму бардамро интихоб мекунанд.
Манбаъ меафзояд, тайи солҳои охир шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ афзун гардида, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома, ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд.
Аз лиҳози анҷом додани нақшаи даъват ҳамасола Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешсаф аст. Ин вилоят нақшаи даъватро чанд сол боз дар рӯзи аввали даъват анҷом медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ роҳи қонунии то як моҳ коҳиш додани мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Ҳамин тариқ, ҷавонон дар даъвати тирамоҳӣ метавонистанд 420 нишондод, ё каме камтар аз 26,9 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.
Соли 2023 чунин хизматрасонӣ гарон шуда, ҳоло 28,5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.