Натиҷаи ҷудокорони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023

© Национальный олимпийский комитет РТ Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Обуна шудан
Охирон умеди Тоҷикистон ин Ҷаҳонгир Маҷидов аст, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоӣ мекунад. Ду рӯзи аввал барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷомид
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, ки Тоҷикистонро дар рӯзи дуввуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2023 намояндагӣ намуданд, ба ягон натиҷа нарасиданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду ҷудокор шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум монданд.
Манбаъ меафзояд, Шодмон Ризоев зери вазни то 81 кг дар даври аввал аз рақиби португалии худ шикаст хӯрд. Дар ин нерӯсанҷӣ ҷудокори тоҷик фаъол набуд ва бинобар ин сабаб 3 огоҳӣ аз ҷониби довар гирифта, рақобатро ба ҳарифаш бохт.
Зимнан, Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг нисбат ба Шодмон рақобатҳоро беҳтар оғоз кард. Ӯ дар даври аввал намояндаи Финляндияро шикаст дода, дар даври дуюм низ ҷудокор аз Нидерландро мағлуб кард.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Шикасти Ҷебов баъди ду пирӯзӣ дар Туркия
Аммо дар даври сеюм Беҳрӯз муқобили намояндаи олмонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Ҳамин тавр, рӯзи дуюми мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни медал анҷом ёфт. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҳам, ҷудокорони тоҷик натиҷаи хуб нишон дода натавонистанд.
Дар охирин рӯзи мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов зери вазни то 90 кг муаррифӣ мекунад. Рақиби Маҷидов дар даври аввал ҷудокори олмнӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ - ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро қадрдонӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0