Шикасти Ҷебов баъди ду пирӯзӣ дар Туркия

© Международная федерация дзюдоДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Обуна шудан
Аз миёни 5 намояндаи Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи ҷудои Antalya Grand Slam - 2023 иштирок мекунанд, ду нафарашон дар рӯзи аввал бидуни ҷоиза шикаст хӯрданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Обид Ҷебов дар мусобиқаи Antalya Grand Slam - 2023 ду пирӯзӣ ба даст овард, аммо дар марҳилаи сеюм шикаст ххрд.
Паҳлавони тоҷик аввалин рақобаташро дар Antalya Grand Slam - 2023 бо пирӯзӣ бар намояндаи Норвегия Густав Броволд оғоз намуд.
Ҷебов бо як усули зебо ҳарифи дуюмашро низ дар Antalya Grand Slam 2023 шикаст дод. Ӯ дар ин давр варзишкори итолиёвӣ Фабио Базелро мағлуб намуд.
Ҳамин тариқ, паҳлавони тоҷикро дар даври сеюм бо ҷудокори бразилӣ Лима Виллиан вориди майдон шуд.
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Аз таъсиси Академия то тамрин бо усули ҷопонӣ: иқдом барои рушди ҷудо дар Тоҷикистон
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Ҷебов бо се огоҳӣ аз Виллиан Лима шикаст хӯрд. Ҳарду паҳлавон баробар рақобат доштанд, вале довар ба ҷудокори тоҷик огоҳии 3-юмро нишон дод, афзуд манбаъ.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов бошад, дар даври аввал шикаст хӯрд. Ӯ аз ҳарифи ӯзбекаш Дилшодбек Баротов мағлуб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳамчунин Беҳрӯз Хоҷазода, Шодмон Ризоев,Ҷаҳонгир Маҷидов муаррифӣ менамоянд, ки ҳанӯз зӯрозмоӣ накардаанд. .
Мусобиқоти Antalya Grand Slam - 2023 рӯзи 31 март оғоз гардида, то 2 -юми апрели соли равон давом мекунад. Таъкид шудааст, ки дар ин мусобиқот намояндагон аз 85 кишвар ё худ беш аз 600 ҷудокор барои ҷоизаҳо сабқат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0