https://sputnik.tj/20230218/jasad-sokin-ishkoshim-dalel-masdud-roh-khorugh-darmond-1055039283.html
Ҷасади ду сокини Ишкошим ба далели масдуд будани роҳ дар Хоруғ дармонд
Ҷасади ду сокини Ишкошим ба далели масдуд будани роҳ дар Хоруғ дармонд
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни 18 қурбонии тармафароӣ дар Хоруғ ду нафараш сокинони ноҳияи Ишкошим мебошанд, вале ба далели масдуд будани роҳ ҷасади онҳо ҳамоно дар Хоруғ аст 18.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-18T20:17+0500
2023-02-18T20:17+0500
2023-02-18T21:45+0500
дар тоҷикистон
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тарма
ишкошим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/26/1027942656_0:9:1000:572_1920x0_80_0_0_23203cacba119a02aee7f38024f0bb39.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Хоруғ боз ҷасади як қурбонии тармафароии маргбор пайдо гардид, хабар дод Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон.Манбаъ афзуд, марҳум сокини ноҳияи Ишкошим аст. Ҳамин тариқ, зимни тармафароии маргбор ду сокини ин ноҳия дар шаҳри Хоруғ зери тарма монда ҷон бохтанд.Зимнан, масири Хоруғ-Ишкошим бинобар боришоти шадиди барф ва фаромадани тармаи зиёд феълан масдуд аст ва имкони интиқол додани ҷасади сокинони ин ноҳия ба зодбуми онҳо ғайриимкон аст.КҲФ мегӯяд, ҳоло тозакунии тарма дар масири Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.Бо кушода гардидани роҳ ҷасади ду сокини ноҳияи Ишкошим ба наздиконашон супорида мешавад.Манбаъ афзуд, кумаки роҳбари давлат ба хонаводаи ин ду қурбонӣ низ ба далели роҳбандӣ дастрас нашудааст.Ҳамин тариқ теъдоди ҷонбохтагон бар асари тармарезӣ ба 19 нафар расид, ки 18 нафарашон сокинони ВМКБ мебошанд.Қаблан дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни ин фоҷиа 40 000 сомонӣ кумакпулӣихтисос дод. Ҳамчунин нафароне, зери тарма монда, ҷароҳатдор шуданд, 10 000 сомонӣ аз номи роҳбари давлат мегиранд.
https://sputnik.tj/20230218/rahmon-khonavoda-qurboniyon-tarma-vmkb-kumak-1055038453.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/26/1027942656_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_a48a44f899920e547c61cc2057a9fa0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, тарма, ишкошим
дар тоҷикистон, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, тарма, ишкошим
Ҷасади ду сокини Ишкошим ба далели масдуд будани роҳ дар Хоруғ дармонд
20:17 18.02.2023 (Навсозишуда: 21:45 18.02.2023) Аз миёни 18 қурбонии тармафароӣ дар Хоруғ ду нафараш сокинони ноҳияи Ишкошим мебошанд, вале ба далели масдуд будани роҳ ҷасади онҳо ҳамоно дар Хоруғ аст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Хоруғ боз ҷасади як қурбонии тармафароии маргбор пайдо гардид, хабар дод Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон.
"Нимаи рӯзи 18 феврал, ҷасади боз як сокини дар натиҷаи тармафароӣ беномунишонгардида пайдо ва ба сардхонаи бемористони вилоятӣ интиқол дода шуд", - гуфт ӯ.
Манбаъ афзуд, марҳум сокини ноҳияи Ишкошим аст. Ҳамин тариқ, зимни тармафароии маргбор ду сокини ин ноҳия дар шаҳри Хоруғ зери тарма монда ҷон бохтанд.
Зимнан, масири Хоруғ-Ишкошим бинобар боришоти шадиди барф ва фаромадани тармаи зиёд феълан масдуд аст ва имкони интиқол додани ҷасади сокинони ин ноҳия ба зодбуми онҳо ғайриимкон аст.
КҲФ мегӯяд, ҳоло тозакунии тарма дар масири Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.
Бо кушода гардидани роҳ ҷасади ду сокини ноҳияи Ишкошим ба наздиконашон супорида мешавад.
Манбаъ афзуд, кумаки роҳбари давлат ба хонаводаи ин ду қурбонӣ низ ба далели роҳбандӣ дастрас нашудааст.
Ҳамин тариқ теъдоди ҷонбохтагон бар асари тармарезӣ ба 19 нафар расид, ки 18 нафарашон сокинони ВМКБ мебошанд.
Қаблан дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни ин фоҷиа 40 000 сомонӣ кумакпулӣихтисос дод. Ҳамчунин нафароне, зери тарма монда, ҷароҳатдор шуданд, 10 000 сомонӣ аз номи роҳбари давлат мегиранд.