Аз таъсиси Академия то тамрин бо усули ҷопонӣ: иқдом барои рушди ҷудо дар Тоҷикистон

© Федерация дзюдо РТДзюдоист Комроншохи Устопириён
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе академияи махсуси ҷудо сохта мешавад ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ ташкили марказҳои махсуси ин навъи варзиш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз ташкили тамрини тими мунтахаби кишвар бо низоми ҷопонӣ хабар дода, иштироки варзишгарони ин навъро дар намудҳои дигари куштӣ маҳдуд мекунад.
Ба иттилои ФҶТ, инчунин дар назар аст, ки варзишгарони лаёқатманд аз навоҳии ҷумҳурӣ ҷалбу ба тими мунтахаб ҷалб карда шаванд.
Муовини раиси Федератсияи ҷудои ҶТ, Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки на танҳо бо тими миллии аллакай ташкилшуда кор хоҳанд кард.
"Мо бо кӯдакон кор мекунем, мураббиёни кӯдакона таълим медиҳем. Ин ягона роҳи рушди варзиш аст", - шарҳ дод ӯ.
Ба ҷуз аз академияи пойтахт боз чаҳор маркази дигари ҷудо - дар Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ ташкил карда мешаванд.
Масъулин аз густариши фаъоли ин ришта дар ҷумҳурӣ пас аз таъйини раиси нав - Исмоил Маҳмадзоир ва гирифтани иҷозаи баргузории Grand Prix, ки моҳи июни соли 2023 баргузор мешавад, сухан мегӯянд.
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Боқиев меҳмони чемпионати Тоҷикистон мешавад
Федератсия ният доранд, мусобиқаи ҷумҳуриявии риштаи ҷудоро рӯзҳои 11 ва 12-уми феврал бо иштироки 230 варзишкори мард ва 20 бону баргузор намояд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳадафи ин мусобиқаро баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав гуфта, таъкид намуд, ки ғолибон ба дастаи мунтахаби ҷудои ҷумҳурӣ ворид мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0