Лукашенко гуфт, замони худаш поён ёфта истодаасту фарзандонаш президент нахоҳанд шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонк Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Белорус масъалаи интиқоли қудратро ба миён гузошта, таъкид намуд, ки нияти то дами марг дар сари қудрат мондан дар кишварро надорад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Масъалаи интиқоли қудрат ва ворисон аз масоиле буданд, ки президенти Белорус, Александр Лукашенко зимни паёмаш ба мардуму парлумон аз он зикр намуд.
Лукашенко зимни муроҷиат ба мардум ва парлумон гуфт, дар Беларус ҳизби ҳоким нахоҳад буд.
"Агенти хориҷӣ, ки аз хориҷ маош мегиранд, дар майдони сиёсии мо нахоҳанд буд. Ҳамчунин дар қудрат ҳизбе ҳам нахоҳад буд", - таъкид кард Лукашенко.
Раисиҷумҳури Беларус ҳамчунин хостори қатъи овозапароканӣ атрофи мавзӯи ворисонаш шуд ва гуфт, ки фарзандонаш президент намешаванд.
Председатель исполнительного комитета - исполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Дабири кулли ИДМ: Русия ва Беларус дар мавриди силоҳи ҳастаӣ тасмими муштарак мегиранд
"Ман ин ҳаётро надидам, ба ҷуз Белорусам. Мо бояд ҳама гапҳоро дар бораи ирсият, дар бораи мерос бас кунем", - изҳор дошт Лукашенко.
Вай дар баробари ин таъкид намуд, ки нияти бо майлу хостаҳои худ мувофиқ кардани Конститутсияро надорад.
"Бисёриҳо мегӯянд, ки Лукашенко ин конститутсияро барои худаш сохтааст. Бубахшед, ман онро насохтаам. Замони ман ба охир мерасад ва ман наметавонам барои худ ягон конститутсия созам", - таъкид намуд президенти Белорус.
Ӯ изҳор дошт, ки нияти то охири умр дар курсии раисиҷумҳур монданро надорад ва ҳеҷ гоҳ мурғи ланг нахоҳад буд, ки интиқоли қудратро кашол диҳад. Дар зимн илова намуд, ки дастовардҳои худу тимашро низ ба осонӣ раҳо нахоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0