https://sputnik.tj/20230330/dabir-idm-rusiya-belarus-siloh-hasta-tasmim-mushtarak-1055860024.html
Дабири кулли ИДМ: Русия ва Беларус дар мавриди силоҳи ҳастаӣ тасмими муштарак мегиранд
Дабири кулли ИДМ: Русия ва Беларус дар мавриди силоҳи ҳастаӣ тасмими муштарак мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сару садоҳои Ғарб дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар Беларусро беасос номид, ки аз стандартҳои дугона сухан меронад
2023-03-30T15:53+0500
2023-03-30T15:53+0500
2023-03-30T15:53+0500
русия
беларус
сиёсат
идм
сергей лебедев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055859340_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_4d4fc301080c338105e8faa1aabaeff6.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Қарор дар бораи истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия ва Беларус якҷоя қабул карда мешавад. Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ба Sputnik Белорус хабар дод.Ба ақидаи ӯ, дар ИДМ ба нияти ҷониби Русия дар мавриди истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар кишвари ҳамсоя муносибати оромона доранд.Вай ҳамчунин гуфт, сару садое, ки дар Ғарб дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии Русия дар Беларус бардошта мешавад, асос надорад. "Ман солҳои тӯлонӣ дар Ғарб кор кардаам ва медонам, ки силоҳи тактикии ҳастаии Амрико дар Аврупо ҷойгир аст ва дар ин бора намояндагони Русия борҳо изҳор доштаанд, аз ҷумла, президенти кишвар ва коршиносон", - қайд кард Лебедев. Вокуниши имрӯзаи Ғарб "дар бораи стандартҳои дугона, дурягӣ ва риёкории сиёсатмадорони Гарб мегӯяд". Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 25-уми март гуфта буд, ки Маскав бо дархости Минск, силоҳҳои тактикии ҳастаии худро дар Беларус мустақар хоҳад кард, чуноне ки Иёлоти Муттаҳида кайҳо боз дар қаламрави муттаҳидонаш мекунад. Маскав ба Минск маҷмааи мушакии Искандерро, ки метавонад интиқолдиҳандаи силоҳи ҳастаӣ бошад, супурд.
https://sputnik.tj/20230329/hushdor-general-balandpoya-rusiya-jang-hastai-1055831628.html
русия
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055859340_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_21a628becaa840605a8c32412650502d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм русия беларус силоҳ ҳастаӣ тасмим муштарак
идм русия беларус силоҳ ҳастаӣ тасмим муштарак
Дабири кулли ИДМ: Русия ва Беларус дар мавриди силоҳи ҳастаӣ тасмими муштарак мегиранд
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сару садоҳои Ғарб дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар Беларусро беасос номид, ки аз стандартҳои дугона сухан меронад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Қарор дар бораи истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия ва Беларус якҷоя қабул карда мешавад. Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ба Sputnik Белорус хабар дод.
"Ҳоло маълум аст, ки тугмаи дугона барои тасмимгирӣ дар мавриди истифода вуҷуд хоҳад дошт: онҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Беларус хоҳанд буд. Сониян, мо воқеан умедворем - ва аллакай гуфта шудааст, ки ин силоҳ набояд истифода шавад, ин як чораи пешгирикунанда аст", - гуфт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, дар ИДМ ба нияти ҷониби Русия дар мавриди истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар кишвари ҳамсоя муносибати оромона доранд.
Вай ҳамчунин гуфт, сару садое, ки дар Ғарб дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии Русия дар Беларус бардошта мешавад, асос надорад.
"Ман солҳои тӯлонӣ дар Ғарб кор кардаам ва медонам, ки силоҳи тактикии ҳастаии Амрико дар Аврупо ҷойгир аст ва дар ин бора намояндагони Русия борҳо изҳор доштаанд, аз ҷумла, президенти кишвар ва коршиносон", - қайд кард Лебедев.
Вокуниши имрӯзаи Ғарб "дар бораи стандартҳои дугона, дурягӣ ва риёкории сиёсатмадорони Гарб мегӯяд".
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 25-уми март гуфта буд, ки Маскав бо дархости Минск, силоҳҳои тактикии ҳастаии худро дар Беларус мустақар хоҳад кард, чуноне ки Иёлоти Муттаҳида кайҳо боз дар қаламрави муттаҳидонаш мекунад.
Маскав ба Минск маҷмааи мушакии Искандерро, ки метавонад интиқолдиҳандаи силоҳи ҳастаӣ бошад, супурд.