https://sputnik.tj/20230331/khayriya-ramazoni-taqsim-osh-roygon-dehot-sugd-video-1055901920.html
Хайрияи Рамазонӣ: Тақсими оши ройгон дар деҳоти Суғд - видео
Хайрияи Рамазонӣ: Тақсими оши ройгон дар деҳоти Суғд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Маҳсулоти лозима барои оши палавро мардуми деҳа якҷо мехаранд ва саҳаргоҳон барои пухтану тақсими таъом ба рӯзадорон ҳаркадоме ба ошпаз ёрӣ мерасонанд
2023-03-31T21:30+0500
2023-03-31T21:30+0500
2023-04-20T14:25+0500
видео
суғд
хуҷанд
оши палав
ифтор
рӯзадорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055900489_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_675554ef52c90dc0ecb2310586315465.jpg
Шуморе аз сокинони Суғд дар моҳи шарифи Рамазон ба омода ва тақсими ройгони оши палав машғул буда иҷрои ин корро як амали хайр дар моҳи шарифи Рамазон меҳисобанд.Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло ин амали нек аз сӯи ашхоси савобҷӯй дар бисёре аз деҳоти Суғд ба иҷро расонида мешавад.Дар шароити гаронии нарху навои маҳсулот дар бозор баъзеҳо ин корро воқеан як кори хайр барои эҳтиёҷмандон арзёбӣ мекунанд.Рамазон - 2023: тақвими рӯзаХабарнигори Sputnik Тоҷикистон саҳарӣ ба чанде аз нуқтаҳои “палави Рамазонӣ” ба чанде аз деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва ҷараёни ин амали савобҷӯёнаро наворбардорӣ кард.Шуҳратҷон Раҳимшейхов, раиси маҳаллаи Сафедтеппа дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ин анъанаи нек аз гузаштагон боқӣ монда ва то имрӯз пойбарҷост. Ӯ зикр кард, ки харҷи таъомро мардуми маҳалла дастаҷамъона ба зима гирифтаанд.Раиси маҳалла аз саҳми ошпазҳои деҳа ёдовар шуд, ки дар иҷрои чунин кори хайр онҳо бо дасту дили соф ҳар шом ройгон хизмат мерасонанд.Раҳмати ғизоӣ дар моҳи Рамазон: Ифтори мусалмонони ҷаҳон дар аксСокинони ин маҳаллаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуянд, бо мадади саховатмандон ин кори хайр чанд сол ба ин тараф сурат мегирад.Набиҷон Шодиев, як фаъоли ин маҳалла дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегуяд, сарҷамъона тановул кардани таом сари як дастурхон аз фазилатҳои моҳи Рамазон аст.“Гузаштагони мо ҳамеша сарҷамъона тановул кардани таомро дар саҳарӣ таъкид мекарданд. Ҳоло ҳама сарҷамъ шуда аз таъоми як дег баҳравар мешаванд. Ин кор барои занҳо ҳам осонӣ меорад, зеро ҳар якеи онҳо саҳарӣ ба пухтани таъомро истисно мегардонад” – зикр кард, Шодиев.Видеои ифтори тоҷикон дар “Хаймаи Рамазон”-и шаҳри МаскавИн гуна иқдомҳои Рамазонӣ феълан дар аксар маҳалла ва деҳоти Суғд идома дорад. Сокинон мегуянд, иҷрои кору амали неки Рамазонӣ аз муйсафедону аждодони гузашта барои онҳо ибрат мондааст.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055900489_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_cad90b65d49200be926349e58f90e943.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, хайрия, суғд, рамазон, тақсим, оши палав, рӯзадорон, кумак
тоҷикистон, видео, хайрия, суғд, рамазон, тақсим, оши палав, рӯзадорон, кумак
Хайрияи Рамазонӣ: Тақсими оши ройгон дар деҳоти Суғд - видео
21:30 31.03.2023 (Навсозишуда: 14:25 20.04.2023) Маҳсулоти лозима барои оши палавро мардуми деҳа якҷо мехаранд ва саҳаргоҳон барои пухтану тақсими таъом ба рӯзадорон ҳаркадоме ба ошпаз ёрӣ мерасонанд
Шуморе аз сокинони Суғд дар моҳи шарифи Рамазон ба омода ва тақсими ройгони оши палав машғул буда иҷрои ин корро як амали хайр дар моҳи шарифи Рамазон меҳисобанд.
Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло ин амали нек аз сӯи ашхоси савобҷӯй дар бисёре аз деҳоти Суғд ба иҷро расонида мешавад.
Дар шароити гаронии нарху навои маҳсулот дар бозор баъзеҳо ин корро воқеан як кори хайр барои эҳтиёҷмандон арзёбӣ мекунанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон саҳарӣ ба чанде аз нуқтаҳои “палави Рамазонӣ” ба чанде аз деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва ҷараёни ин амали савобҷӯёнаро наворбардорӣ кард.
Шуҳратҷон Раҳимшейхов, раиси маҳаллаи Сафедтеппа дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ин анъанаи нек аз гузаштагон боқӣ монда ва то имрӯз пойбарҷост. Ӯ зикр кард, ки харҷи таъомро мардуми маҳалла дастаҷамъона ба зима гирифтаанд.
“Ҳар саҳар дар ду дег 50 кило ош пухта ва ройгон тақсим карда мешавад. Мардум саҳарӣ соатҳои 2:30 меоянд ва то соати сеи шаб бо навбат барои худ ва хонаводаашон ош гирифта мераванд” – гуфт, Раҳимшейхов.
Раиси маҳалла аз саҳми ошпазҳои деҳа ёдовар шуд, ки дар иҷрои чунин кори хайр онҳо бо дасту дили соф ҳар шом ройгон хизмат мерасонанд.
Сокинони ин маҳаллаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуянд, бо мадади саховатмандон ин кори хайр чанд сол ба ин тараф сурат мегирад.
Набиҷон Шодиев, як фаъоли ин маҳалла дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегуяд, сарҷамъона тановул кардани таом сари як дастурхон аз фазилатҳои моҳи Рамазон аст.
“Гузаштагони мо ҳамеша сарҷамъона тановул кардани таомро дар саҳарӣ таъкид мекарданд. Ҳоло ҳама сарҷамъ шуда аз таъоми як дег баҳравар мешаванд. Ин кор барои занҳо ҳам осонӣ меорад, зеро ҳар якеи онҳо саҳарӣ ба пухтани таъомро истисно мегардонад” – зикр кард, Шодиев.
Ин гуна иқдомҳои Рамазонӣ феълан дар аксар маҳалла ва деҳоти Суғд идома дорад. Сокинон мегуянд, иҷрои кору амали неки Рамазонӣ аз муйсафедону аждодони гузашта барои онҳо ибрат мондааст.