Эътирози толибҳо ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон тавассути Амрико

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставители политического совета движения "Талибан"
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Обуна шудан
Мақоми ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибҳо аз нақзи макари ҳарими ҳавоии ин кишвар тавасути ҳавопаймоҳои амрикоӣ интиқод кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мақомоти ҳукумати толибҳо, амрикоиҳоро ба нақзи ҳарими ҳавои Афғонистон муттаҳам мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Қори Фасеҳуддин Фитрат аз мақомоти толибҳо, ки дар раси ситоди муштарак қарор дорад, ахиран бо ишора ба таъаҳҳуди Амрико дар тавофуқи номаи Давҳа, ин кишварро ба нақзи ҳарими ҳавои Афғонистон муттаҳам кард.
Ин мақоми толибҳо тасреҳ кард, толибҳо эътирози худ дар ин хусусро ба итилои Амрико рисонда, аммо нақзи ҳарими ҳавои Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Амрико пас аз ду даҳаи ишғоли Афғонистон бидeни ҳеҷ барномае дар соли 2021 хоки Афғонистонро тарк кард.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Патрушев: Вазъи Афғонистон ба буҳрони давомдор табдил меёбад
Музокироти Амрико ва намояндагони толибҳо дар 29 феврал ба ақди тавофуқномае мунҷар шуд.
Бар асоси ин тавофуқнома Амрико ба хуруҷи неруҳои худ аз Афғонистон шурӯъ намуда ва бояд музокироти байни толибҳо ва давлати Ашраф Ғанӣ оғоз мешуд. Аммо пеш аз он ки музокирот байни толибҳо ва давлати Ашраф Ғанӣ ба натиҷа бирасад, неруҳои Амрико аз Афғонистон хориҷ шуданд, толибҳо бо фатҳи Кобул қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд ва Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.
Толибҳо пас аз касби қудрат дар Афғонистон, Вашингтону муттаҳидонашро ба ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам карда, масъули нобудии зерсохтҳои ин кишвар донистанд.
Лентаи хабарҳо
0