https://sputnik.tj/20230331/bahsi-bartaraf-kardani-fasod-dushanbe-1055874127.html
Ба масъулини шаҳрдории Душанбе роҳи бартараф кардани коррупсияро гуфтанд
Ба масъулини шаҳрдории Душанбе роҳи бартараф кардани коррупсияро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо кормандони мақомоти иҷроияи Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд
2023-03-31T10:20+0500
2023-03-31T10:20+0500
2023-03-31T12:54+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
коррупсия
фасод
мубориза
шаҳрдорӣ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия ва ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдор тавзеҳот дода шуд. Ба иттилои дафтари матбуотӣ шаҳрдорӣ, ин масъала зимни мулоқоти кормандони Агентии мубориза бо фасод бо масъулини шаҳрдорӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 сурат гирифт. Аснои баргузории мулоқот кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо кормандони раёсату шуъбаҳои шаҳрдорӣ, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб муҳим дониста шуд. Қайд шудааст, ки масъулин ҳангоми дучор омадан бо омилҳои коррупсионӣ бояд бетараф набошанд. Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъолонаи ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз мақомоти дахлдор даъват карда буд, ки кори сохторҳои тобеяшро вобаста ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
https://sputnik.tj/20230320/guzorish-prokuror-pul-qonunshikani-sarhad-rustam-1055634874.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, фасод, пешгирӣ, даъват, мулоқот, шаҳрдорӣ, душанбе
баҳс, фасод, пешгирӣ, даъват, мулоқот, шаҳрдорӣ, душанбе
Ба масъулини шаҳрдории Душанбе роҳи бартараф кардани коррупсияро гуфтанд
10:20 31.03.2023 (Навсозишуда: 12:54 31.03.2023) Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо кормандони мақомоти иҷроияи Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия ва ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдор тавзеҳот дода шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотӣ шаҳрдорӣ, ин масъала зимни мулоқоти кормандони Агентии мубориза бо фасод бо масъулини шаҳрдорӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 сурат гирифт.
Аснои баргузории мулоқот кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо кормандони раёсату шуъбаҳои шаҳрдорӣ, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб муҳим дониста шуд.
Қайд шудааст, ки масъулин ҳангоми дучор омадан бо омилҳои коррупсионӣ бояд бетараф набошанд.
"Кормандони раёсати Агентӣ зимни таҳлили вазъият оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, аҳли нишастро даъват карданд, ки дар самти бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъолонаи ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз мақомоти дахлдор даъват карда буд, ки кори сохторҳои тобеяшро вобаста ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.