https://sputnik.tj/20230329/ruz-okhir-mart-tojikiston-khatarnok-1055835009.html
Рӯзҳои охири март дар Тоҷикистон хатарнок хоҳанд буд
Рӯзҳои охири март дар Тоҷикистон хатарнок хоҳанд буд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масирҳоеро номбар кард, ки эҳтимоли фаромадани тарма дар онҳо зиёд мебошад
2023-03-29T18:35+0500
2023-03-29T18:35+0500
2023-03-29T18:35+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
кҳф
хатарнок
тарма
пешгӯӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806282_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_3847ac27a47440d1c00b129c79efe68b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Бинобар фарорасии намию гармӣ то 31 марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳииТоҷикистон ҳавои хатарнок боқӣ хоҳад монд. Ин нуктаро Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо нашри як иттилоия таъкид карда, аз меҳмонону сокинони кишвар хостааст, эҳтиёткор бошанд. Дар феҳрасти масирҳои хатарнок аз ҷумла Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор зикр гардидаанд. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво хатарзо боқӣ мемонад. Махсусан барои мусофирони самти Душанбе -Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ - Ҷелондӣ, Хоруғ-Рошқалъа ва Хоруғ-Ишкошим аз хатари тармафароӣ гӯшзад шудааст. Кумита аз мардуми кишвар хоҳиш намудаст, ки ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои марбут ба номусоидии обу ҳаво ва рух додани офатҳои табиӣ, ба шикор ва моҳидорӣ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ набароянд. Худдорӣ аз ҷамъоварии ҳезуму растаниҳои минтақаҳои куҳӣ аз даъватҳои дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода будааст. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ронандагоне, ки аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, бахусус тавассути шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Душанбе-Хоруғ сафар ба нақша гирифтаанд, хостааст, то ҳадди имкон эҳтиёткору ҳушёр бошанд.
https://sputnik.tj/20230329/rohu-pulho-kharobshuda-dushanbe-chanoq-bozsozi-1055830863.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806282_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_3861980e37912823560ef488b9c337cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, масир, хатарнок, тоҷикистон, таҳдид
эълон, масир, хатарнок, тоҷикистон, таҳдид
Рӯзҳои охири март дар Тоҷикистон хатарнок хоҳанд буд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масирҳоеро номбар кард, ки эҳтимоли фаромадани тарма дар онҳо зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Бинобар фарорасии намию гармӣ то 31 марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳииТоҷикистон ҳавои хатарнок боқӣ хоҳад монд.
Ин нуктаро Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо нашри як иттилоия таъкид карда, аз меҳмонону сокинони кишвар хостааст, эҳтиёткор бошанд.
Дар феҳрасти масирҳои хатарнок аз ҷумла Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор зикр гардидаанд. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво хатарзо боқӣ мемонад.
Махсусан барои мусофирони самти Душанбе -Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ - Ҷелондӣ, Хоруғ-Рошқалъа ва Хоруғ-Ишкошим аз хатари тармафароӣ гӯшзад шудааст.
Кумита аз мардуми кишвар хоҳиш намудаст, ки ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои марбут ба номусоидии обу ҳаво ва рух додани офатҳои табиӣ, ба шикор ва моҳидорӣ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ набароянд.
Худдорӣ аз ҷамъоварии ҳезуму растаниҳои минтақаҳои куҳӣ аз даъватҳои дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ронандагоне, ки аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, бахусус тавассути шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Душанбе-Хоруғ сафар ба нақша гирифтаанд, хостааст, то ҳадди имкон эҳтиёткору ҳушёр бошанд.