https://sputnik.tj/20230331/aliev-sohibkoron-ozari-dushanbe-tafsiloti-safar-1055885246.html
Алиев бо соҳибкорони озарбойҷонӣ ба Душанбе меояд: тафсилоти сафар
Алиев бо соҳибкорони озарбойҷонӣ ба Душанбе меояд: тафсилоти сафар
Sputnik Тоҷикистон
Сафари давлатии президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон бо даъвати роҳбари кишвари мизбон сурат гирифта, интизор меравад такон барои ҳамкориҳо гардад
2023-03-31T14:25+0500
2023-03-31T14:25+0500
2023-03-31T14:25+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
соҳибкор
сармоягузор
ҳамкорӣ
илҳом алиев
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/86/1028778684_0:0:2048:1151_1920x0_80_0_0_9c6e6f3089ab0f47285151f1694e9b98.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев аввали моҳи апрел бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафараи давлатии Алиев, рӯзи 4 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад."Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб, иштирок хоҳанд кард. Дар феҳрасти иштирокдорон аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва ғайра зикр шудаанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тавзеҳ дод, ки дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд, таъкид намуд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Илҳом Алиев изҳор дошта буд, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230329/ruz-omadani-berdimuhammadov-dushanbe-1055843253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/86/1028778684_98:0:1918:1365_1920x0_80_0_0_86730e13415ef0bed695e44ec986e208.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, сафар, алиев, тоҷикистон, фаъолият
тафсилот, сафар, алиев, тоҷикистон, фаъолият
Алиев бо соҳибкорони озарбойҷонӣ ба Душанбе меояд: тафсилоти сафар
Сафари давлатии президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон бо даъвати роҳбари кишвари мизбон сурат гирифта, интизор меравад такон барои ҳамкориҳо гардад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев аввали моҳи апрел бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафараи давлатии Алиев, рӯзи 4 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад.
"Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб, иштирок хоҳанд кард.
Дар феҳрасти иштирокдорон аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва ғайра зикр шудаанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тавзеҳ дод, ки дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо муаррифӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд, таъкид намуд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Илҳом Алиев изҳор дошта буд, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.