https://sputnik.tj/20230329/ruz-omadani-berdimuhammadov-dushanbe-1055843253.html
Рӯзи омадани Бердимуҳаммадов ба Душанбе маълум шуд
Рӯзи омадани Бердимуҳаммадов ба Душанбе маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар тамос бо ҳамтои туркманаш тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда, ӯро ба Душанбе хонда буд
2023-03-29T20:40+0500
2023-03-29T20:40+0500
2023-03-29T20:40+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
туркманистон
эмомалӣ раҳмон
сардор бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050149359_0:70:1352:831_1920x0_80_0_0_732feb9be61f713455b8bf909f319c9d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10 апрел вориди Душанбе мешавад, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад. Одатан дар рӯзҳои сафари меҳмонҳои баландпоя ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд шуда, аз шаҳрвандон истифодаи ҷодаҳои дигар хоста мешавадДар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.Маврид ба зикр аст, ки соли равон Тоҷикистону Туркманистон 30-юми солгарди истиқрори муносиботи дипломатиро таҷлил карданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат бо Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда буд. Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст.Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифта, Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват карда буд.
https://sputnik.tj/20230329/hamoish-sohibkoron-tojik-turkman-1055840538.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050149359_76:0:1276:900_1920x0_80_0_0_71f6bbabc7aa8f5181046400b2c13b2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, сафар, сардор бердимуҳаммадов, тоҷикистон
тафсилот, сафар, сардор бердимуҳаммадов, тоҷикистон
Рӯзи омадани Бердимуҳаммадов ба Душанбе маълум шуд
Президенти Тоҷикистон дар тамос бо ҳамтои туркманаш тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда, ӯро ба Душанбе хонда буд
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10 апрел вориди Душанбе мешавад, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, сафари расмии раҳбари Туркманистон ду рӯз идома хоҳад кард. Аз мавзуъҳои меҳварии ин боздид, баррасии масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад.
Одатан дар рӯзҳои сафари меҳмонҳои баландпоя ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд шуда, аз шаҳрвандон истифодаи ҷодаҳои дигар хоста мешавад
Дар остонаи сафар, рӯзи 7 апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он имзои санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон Тоҷикистону Туркманистон 30-юми солгарди истиқрори муносиботи дипломатиро таҷлил карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат бо Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда буд.
Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст.
Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифта, Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват карда буд.