https://sputnik.tj/20230319/raydihi-shahrvandon-qazoqiston-dushanbe-1055624574.html
Раъйдиҳии шаҳрвандони Қазоқистон дар Душанбе
Раъйдиҳии шаҳрвандони Қазоқистон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар хориҷ аз Қазоқистон 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шуд. Ингуна ҳавзаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тошканд, Ашқобод ва Исломобод фаъолият доранд
2023-03-19T18:31+0500
2023-03-19T18:31+0500
2023-03-19T18:31+0500
дар тоҷикистон
интихобот
парлумонӣ
раъйдиҳӣ
қазоқистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/13/1055622435_0:53:1281:773_1920x0_80_0_0_7e0c96eb62a5401d0413ee5ea8fea6f8.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Рӯзи 19 март дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ баргузор мешавад. Дар баробари интихоботи парлумонӣ ҳамчунин интихоботи намояндагони мақомотҳои маҳалӣ низ давом дорад.Дар Душанбе як ҳавзаи интихоботӣ низ боз шудааст. Он барои шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, ташкил карда шудааст. Онҳо метавонед то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ раъй диҳанд.Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, берун аз кишвар 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шудааст.Тибқи иттилои манбаъ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавзаҳои интихоботӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар Тошканду Ишқобод ва Исломобод низ ба кор шурӯъ кардаанд.Интихоботи вакилони парлумони Қазоқистон бори аввал дар 19 соли ахир бо низоми омехта баргузор мешавад. Акнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон доранд, на танхо ба тарафдории номзадхои ҳизб, балки ба тарафдории номзадхои мустакил хам раъй диханд.То имрӯз тақрибан 50 дарсади раъйдиҳандагон овоз доданд, хабар медиҳад КМИР-и Қазоқистон. Интихоби худро аллакай раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва ҳамчунин президенти нахустини ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев карданд.Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 393 дар бинои Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” раъй дод.Санади интихоботиашро ба қуттӣ андохт ва ҳамагонро бо Наврӯзи дар пешистода табрик гуфт.
https://sputnik.tj/20230227/tojikiston-qiazoqiston-munosibat-strategi-barrasi-1055202226.html
қазоқистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/13/1055622435_0:0:1141:856_1920x0_80_0_0_c74f02cb948ddfb46746b6aa450b2226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, интихобот, парлумонӣ, раъйдиҳӣ, қазоқистон, душанбе
дар тоҷикистон, интихобот, парлумонӣ, раъйдиҳӣ, қазоқистон, душанбе
Раъйдиҳии шаҳрвандони Қазоқистон дар Душанбе
Дар хориҷ аз Қазоқистон 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шуд. Ингуна ҳавзаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тошканд, Ашқобод ва Исломобод фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Рӯзи 19 март дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ баргузор мешавад. Дар баробари интихоботи парлумонӣ ҳамчунин интихоботи намояндагони мақомотҳои маҳалӣ низ давом дорад.
Дар Душанбе як ҳавзаи интихоботӣ низ боз шудааст. Он барои шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, ташкил карда шудааст. Онҳо метавонед то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ раъй диҳанд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, берун аз кишвар 59 ҳавзаи интихоботӣ кушода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавзаҳои интихоботӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар Тошканду Ишқобод ва Исломобод низ ба кор шурӯъ кардаанд.
Интихоботи вакилони парлумони Қазоқистон бори аввал дар 19 соли ахир бо низоми омехта баргузор мешавад. Акнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон доранд, на танхо ба тарафдории номзадхои ҳизб, балки ба тарафдории номзадхои мустакил хам раъй диханд.
То имрӯз тақрибан 50 дарсади раъйдиҳандагон овоз доданд, хабар медиҳад КМИР-и Қазоқистон. Интихоби худро аллакай раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва ҳамчунин президенти нахустини ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев карданд.
Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 393 дар бинои Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” раъй дод.
Санади интихоботиашро ба қуттӣ андохт ва ҳамагонро бо Наврӯзи дар пешистода табрик гуфт.