Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Кувайт

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу на тренировке
Сборная Таджикистана по футболу на тренировке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ахиран дар бозии дӯстона, ки шоми гузашта баргузор гашт, аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт барпо гардид.
Бози бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи тими миллии Кувайт анҷом ёфт.
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 9-ум кушода шуд. Нахустин голро дар ин бозӣ ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон бозигари мунтахаби Кувайт Бадр Тариқ Алӣ зад. Голи дуюми мизбононро Шаббоб Ал-Ҳалдӣ дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 61-ум, зад. Аммо дар дақиқаи 90-ум, ҳисоб тағйир ёфт ва ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар охири бозӣ ҳисобро - 2:1 кард ва бо ҳамин бозӣ анҷом ёфт.
Бояд қайд кард, ки барои ширкат дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуда буданд.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Вале бозигари калидии даста, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов, ки дар тими "Персеполис"-и Эрон ҳунарнамоӣ мекунад, ба иллати латхӯрӣ дар ин бозиҳои дӯстона иштирок карда натавонист.
Бояд гуфт, ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 буд, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора иштирок хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0