https://sputnik.tj/20230329/hamoish-sohibkoron-tojik-turkman-1055840538.html
Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику туркман баргузор мешавад
Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику туркман баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Форуми соҳибкорони тоҷику туркман дар ҳоле баргузор мешавад, ки нимаи аввали моҳи апрел сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар назар аст
2023-03-29T20:05+0500
2023-03-29T20:05+0500
2023-03-29T20:05+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
иқтисод
форум
иқтисодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_66ff30e070791074ebbc36fa438f09a7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Санаи баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе 7 апрел таъйин шудааст, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ. Б аиттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон пешниҳоди иштирокдорон мегарданд. Тоҷикистонро дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок мекунанд. Туркманистонро дар баробари намояндагони бахши хусусӣ инчунин раиси Палатаи савдо ва саноат, муовини вазири саноат ва сохтмони Туркманистон ва директори ҶСК "Маркази нақлиёту логистикаи Туркманистон" намояндагӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар доираи ин мулоқот ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонанд. Ин ҳамоиш дар арафаи сафари раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Душанбе баргузор мешавад. Дар доираи ин сафари расмӣ, Бердимуҳаммадов бо роҳбарони Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230309/turkmaniston-khatlon-turkmantabor-maktab-1055404516.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_c6bca8e9e771c509ec590491013c494f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
форум, соҳибкор, тоҷик, туркман, ҳамкорӣ, баргузор
форум, соҳибкор, тоҷик, туркман, ҳамкорӣ, баргузор
Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику туркман баргузор мешавад
Форуми соҳибкорони тоҷику туркман дар ҳоле баргузор мешавад, ки нимаи аввали моҳи апрел сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Санаи баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе 7 апрел таъйин шудааст, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Б аиттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон пешниҳоди иштирокдорон мегарданд.
Тоҷикистонро дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок мекунанд.
Туркманистонро дар баробари намояндагони бахши хусусӣ инчунин раиси Палатаи савдо ва саноат, муовини вазири саноат ва сохтмони Туркманистон ва директори ҶСК "Маркази нақлиёту логистикаи Туркманистон" намояндагӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин мулоқот ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонанд.
Ин ҳамоиш дар арафаи сафари раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Душанбе баргузор мешавад.
Дар доираи ин сафари расмӣ, Бердимуҳаммадов бо роҳбарони Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ мекунанд.