Раҳмон дар Суғд: Истиқболи кишвардори Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хуҷанд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаИстиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ба вилояти Суғд сафар кард дар фурудгоҳи Хуҷанд, раиси вилояти Суғд истиқбол гирифт
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
© Пресс-служба Президента ТаджикистанаИстиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Таъкид шудааст, ки намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон кишвардори Тоҷикистонро бо самимияти афзуну руҳияи болида ва дар фазои шукуҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
“Гурӯҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум ва ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0