https://sputnik.tj/20230327/emomali-rahmon-ba-sughd-meravad-1055784307.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло омодагиҳо бо ширкати 19 ҳазор нафар сарояндагону навозандагон ва раққосон барои тантанаҳои Наврӯзи асосии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад
2023-03-27T16:08+0500
2023-03-27T16:08+0500
2023-03-27T16:08+0500
эмомалӣ раҳмон
суғд
дар тоҷикистон
иди наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047661384_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_a046f9aa55f2cf0e68843d26fc5ddeac.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли кишвар сафари корӣ анҷом медиҳаҳдд.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Қарор аст, чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор шавад.Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.Бино ба таъкиди манбаъ дар чорабиниҳо фарҳанг ва ҳунари ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дар жанрҳои гуногун аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ рӯи саҳна инъикос хоҳад шуд.Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.Зимнан омодагиҳо ва тамрини фарҳангиён дар ин макон ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20230321/navruz-2023-tarikh-anana-jashn-qadim-1055667496.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047661384_31:0:1451:1065_1920x0_80_0_0_d0c147b767ba271522930d539444a8ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Эксклюзив
Ҳоло омодагиҳо бо ширкати 19 ҳазор нафар сарояндагону навозандагон ва раққосон барои тантанаҳои Наврӯзи асосии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли кишвар сафари корӣ анҷом медиҳаҳдд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳадаф аз сафари раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба Наврӯзӣ аст", - афзуд манбаъ.
Қарор аст, чорабинии асосии фарҳангии таҷлили Наврӯз -2023-и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд 29-30 март баргузор шавад.
Қаблан Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки як гурӯҳи эҷодӣ аз Вазорати фарҳанг ба Хуҷанд омада якҷо бо ҳунармандону овозхонҳо тамрин мегузаронанд.
“Беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии Наврӯз -2023 баромад мекунанд” - гуфт, сардори Идораи фарҳанг.
Бино ба таъкиди манбаъ дар чорабиниҳо фарҳанг ва ҳунари ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дар жанрҳои гуногун аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ рӯи саҳна инъикос хоҳад шуд.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир хоҳад шуд.
Зимнан омодагиҳо ва тамрини фарҳангиён дар ин макон ҷараён дорад.