https://sputnik.tj/20230329/rahmon-korkhona-parandaparvari-gulistoni-sugd-iftitoh-1055820021.html
Раҳмон ду корхонаи парандапарвариро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ кард
Раҳмон ду корхонаи парандапарвариро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон” ва корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо”-ро ифтитоҳ кард
2023-03-29T10:53+0500
2023-03-29T10:53+0500
2023-03-29T13:25+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
парандапарварӣ
коргоҳ
ифтитоҳ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055827358_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_53bc4e6483a306d0ec16ccada47ea035.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафари кории худро аз шаҳри Гулистон оғоз кард ва нахуст дар ин шаҳр фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-ро ититоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Манбаъ хабар додааст, ки фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Сомон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар корхона 4 иншооти парандапарварӣ бо усули бройлерӣ бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудааст.Иқтидори фабрика дар як марҳила истеҳсоли 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад.Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ будаастТибқи нақшаи дурнамо, соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд кард.Дар ҳамин ҳол кишвардори Тоҷикистон ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дод, ки корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.Сипас ба иттилои дафтӣари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуд.Корхонаи “Мурғи бебаҳо” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Қодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардидааст.Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шудааст.Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.
https://sputnik.tj/20230329/rahmon-sugd-istiqboli-furudgoh-khujand-1055819400.html
https://sputnik.tj/20230323/tasis-komissiyai-vizha-dastur-rahmon-bartarafi-oqibat-zilzila-1055707851.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055827358_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_9c86539237221bb8cf42d32ed8ccfce8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур парандапарварӣ, ифтитоҳ, корхона, фабрика, суғд
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур парандапарварӣ, ифтитоҳ, корхона, фабрика, суғд
Раҳмон ду корхонаи парандапарвариро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ кард
10:53 29.03.2023 (Навсозишуда: 13:25 29.03.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон” ва корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо”-ро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафари кории худро аз шаҳри Гулистон оғоз кард ва нахуст дар ин шаҳр фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-ро ититоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ хабар додааст, ки фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Сомон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар корхона 4 иншооти парандапарварӣ бо усули бройлерӣ бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудааст.
Иқтидори фабрика дар як марҳила истеҳсоли 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад.
Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ будааст
Тибқи нақшаи дурнамо, соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол кишвардори Тоҷикистон ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дод, ки корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.
Сипас ба иттилои дафтӣари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуд.
Корхонаи “Мурғи бебаҳо” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Қодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.