https://sputnik.tj/20230329/putin-sath-bekori-bequrbshavi-pul-sokhtmon-1055838472.html
Путин дар бораи сатҳи бекорӣ, беқурбшавии пул ва сохтмон
Путин дар бораи сатҳи бекорӣ, беқурбшавии пул ва сохтмон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз пешрафтҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар зикр намуда, дастур дод, ки ба кадом соҳаҳо бояд диққати бештар дода шавад
2023-03-29T21:20+0500
2023-03-29T21:20+0500
2023-03-29T21:20+0500
дар русия
иқтисод
владимир путин
сохтмон
пешрафт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055668451_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_2060c450ff303354d8ac9d59b688c871.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Мизони бекорӣ дар Русия ба ҳадди бесобиқа поин расидааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мушкилот дар бозори кор ҳал шудаанд. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумати кишвараш баён дошт. "Умуман, дар бораи сифати ҷойҳои кор саволҳо ба миён меоянд. Дар баъзе минтақаҳо сатҳи бекорӣ ҳанӯз ҳам аз нишондодҳои миёнаи кишвар болотар мебошад. Дар бархе корхонаҳо фаъолият пурра нест", - гуфт роҳбари давлат. Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, аз моҳи июли соли гузашта иқтисоди Русия майлони мусбӣ нишон медиҳад. "Бозгашт ба роҳи рушд набояд моро қаноатманд кунад. Мо бояд тамоюлҳои мусбати иқтисоди худро дастгирӣ ва таҳким бахшем, самаранокии онро афзоиш дода, соҳибихтиёрии технологӣ, кадрӣ ва молиявиро таъмин кунем", - таъкид кард Путин. Вай даъват кард, ки давлат пешрафтро бидуни бюрократияи нолозим ба зудӣ амалӣ кунад, зеро таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Русия дар дарозмуддат метавонад ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонанд.Омили пешбари иқтисод афзоиши бемайлони талаботи дохилӣ мебошад, вале динамикаи он бояд ба ҳадафҳои таварруми таъйиннамуда аз ҷониби Бонки марказӣ мувофиқ бошад. Президент дастур дод, соҳаҳои аз ҳама зиёд зарардида - саноати автомобилсозӣ ва саноати чӯбу тахта барқарор карда шаванд. Дар мавриди инфрасохтор зикр шуд, ки ҳаҷми рекордии манзил дар соли 2022 ба истифода дода шуда, роҳҳо таъмир гардиданд. Президент ба ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки суръатро нигоҳ доранд. Зикр шуд, ки барои ин аз буҷет ба таври иловагӣ 315 млрд рубл қарзҳои мақсаднок ҷудо шудааст.
https://sputnik.tj/20230320/putin-nazorati-muhojirat-purzur-1055651700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055668451_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_79ea6a5720a051bce473025e0fd55dc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, путин, владимир, сатҳ, бекорӣ, сиёсат
шарҳ, путин, владимир, сатҳ, бекорӣ, сиёсат
Путин дар бораи сатҳи бекорӣ, беқурбшавии пул ва сохтмон
Раисҷумҳури Русия аз пешрафтҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар зикр намуда, дастур дод, ки ба кадом соҳаҳо бояд диққати бештар дода шавад
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Мизони бекорӣ дар Русия ба ҳадди бесобиқа поин расидааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мушкилот дар бозори кор ҳал шудаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумати кишвараш баён дошт.
"Умуман, дар бораи сифати ҷойҳои кор саволҳо ба миён меоянд. Дар баъзе минтақаҳо сатҳи бекорӣ ҳанӯз ҳам аз нишондодҳои миёнаи кишвар болотар мебошад. Дар бархе корхонаҳо фаъолият пурра нест", - гуфт роҳбари давлат.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, аз моҳи июли соли гузашта иқтисоди Русия майлони мусбӣ нишон медиҳад.
"Бозгашт ба роҳи рушд набояд моро қаноатманд кунад. Мо бояд тамоюлҳои мусбати иқтисоди худро дастгирӣ ва таҳким бахшем, самаранокии онро афзоиш дода, соҳибихтиёрии технологӣ, кадрӣ ва молиявиро таъмин кунем", - таъкид кард Путин.
Вай даъват кард, ки давлат пешрафтро бидуни бюрократияи нолозим ба зудӣ амалӣ кунад, зеро таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Русия дар дарозмуддат метавонад ба иқтисодиёт таъсири манфӣ расонанд.
Омили пешбари иқтисод афзоиши бемайлони талаботи дохилӣ мебошад, вале динамикаи он бояд ба ҳадафҳои таварруми таъйиннамуда аз ҷониби Бонки марказӣ мувофиқ бошад.
Президент дастур дод, соҳаҳои аз ҳама зиёд зарардида - саноати автомобилсозӣ ва саноати чӯбу тахта барқарор карда шаванд.
Дар мавриди инфрасохтор зикр шуд, ки ҳаҷми рекордии манзил дар соли 2022 ба истифода дода шуда, роҳҳо таъмир гардиданд. Президент ба ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки суръатро нигоҳ доранд. Зикр шуд, ки барои ин аз буҷет ба таври иловагӣ 315 млрд рубл қарзҳои мақсаднок ҷудо шудааст.