Мақоми нави Давлаталӣ Саид ва ваъдаҳояш ба интихобкунандагон

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТПредседатель Хатлонской области Давлатали Саид
Председатель Хатлонской области Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Обуна шудан
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ваколати вакили тозаинтихоби маҷлисро тасдиқ карда, ӯро ба ҳайси раиси нави худ интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Давлаталӣ Саид, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид, иттилоъ дод нашрияи расмии вилоят.
Ба иттилои манбаъ, Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ваколати вакили тозаинтихоб, Давлаталӣ Саидро тасдиқ намуда, ба вай шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилро супориданд.
Ҳамзамон Давлаталӣ Саид раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин вакилони Маҷлис фармони президент дар бораи раиси вилояти Хатлон таъйин кардани Давлаталӣ Саидро тасдиқ намуданд.
Дидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Дар мувофиқа бо президент муовинони раисони 11 шаҳру ноҳияи Хатлон иваз шуданд
Давлаталӣ Саид ба интихобкунандагон барои дастгирию бовариашон изҳори сипос намуда, ваъда додаст, ки барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят бо дастгирии фаъолон саҳмгузор хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки Саид дар ин мақомҳо Қурбон Ҳакимзодаро иваз намуд, ки аввали соли равон аз вазифаи раиси Хатлон барканору вазири кишоварзиии Тоҷикистон интихоб шуд.
Давлаталӣ Саид дар гузашта роҳбарии Кумитаи ҷавонону Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ба уҳда дошта, аз соли 2013 то аввали соли равон муовини якуми сарвазири Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0