Дар мувофиқа бо президент муовинони раисони 11 шаҳру ноҳияи Хатлон иваз шуданд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Дидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Ахиран муовинони нави раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ахиран иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран дар мувофика бо раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд.
Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кадрҳои навтаъиншуда бояд барои ба боварии роҳбари давлат ва мардум сазовор будан ва иҷроиши саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода кунанд.
Предприятие Хатлона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон ба 10,6 млрд сомонӣ расид
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин ҷаласа масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкил намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон баррасӣ гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон ба ҳамаи кадрҳои навтаъиншуда барору комёбӣ хост ва дар бораи дарки баланди масъулият таъкиди ҷиддӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0