https://sputnik.tj/20230329/libos-pul-shirin-hadiyai-navruzi-rahmon-yatimon-guliston-1055824538.html
Аз либос то пулу ширинӣ: Ҳадияи наврӯзии Раҳмон ба ятимон дар шаҳри Гулистон
Аз либос то пулу ширинӣ: Ҳадияи наврӯзии Раҳмон ба ятимон дар шаҳри Гулистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбат кард
2023-03-29T12:31+0500
2023-03-29T12:31+0500
2023-03-29T15:39+0500
дар тоҷикистон
кӯдакони ятим
эмомалӣ раҳмон
суғд
кӯмак
либос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1e/1032367894_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c320bfacc8302645984fa36a3f9e8dc6.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.“Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд”,- таъкид кардааст манбаъ.Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ҷониби раисҷумҳури кишвар ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пӯлӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар як ҷашну маросим ба онҳо кумак расонида мешавад.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату щукумати кишвар қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.Дафтари матбуоти раисыумщур цайд кардааст, ки бунёд ва навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбари давлат дониста мешавад.
https://sputnik.tj/20230329/rahmon-sugd-istiqboli-furudgoh-khujand-1055819400.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1e/1032367894_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_54866a5d73be8bd47a5af7a300a9788a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ятим, кӯдакон, гулистон, либос, пул
тоҷикистон, суғд, ятим, кӯдакон, гулистон, либос, пул
Аз либос то пулу ширинӣ: Ҳадияи наврӯзии Раҳмон ба ятимон дар шаҳри Гулистон
12:31 29.03.2023 (Навсозишуда: 15:39 29.03.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
“Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ҷониби раисҷумҳури кишвар ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пӯлӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар як ҷашну маросим ба онҳо кумак расонида мешавад.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон зикр кардааст, ки марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату щукумати кишвар қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Дафтари матбуоти раисыумщур цайд кардааст, ки бунёд ва навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбари давлат дониста мешавад.