https://sputnik.tj/20230329/hukumat-tolibho-sodirot-mavodi-ghizoi-tojikiston-1055827052.html
Ҳукумати толибҳо аз содироти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон хабар доданд
Ҳукумати толибҳо аз содироти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати толибҳо ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон дар ҳаҷми 925 млн. доллар маҳсулот содирот кардааст
2023-03-29T14:00+0500
2023-03-29T14:00+0500
2023-03-29T14:00+0500
афғонистон
толибон
содирот
маводи ғизоӣ
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039419566_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_6b8fa2eb6800a98f95c10a988ddd75ad.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Вазорати санъат ва тиҷорати толибҳо арзиши содироти Афғонистон дар соли гузаштаро ду миллиард доллар эълон кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.Сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати ҳукумати тлибҳо мавлави Қудратуллоҳи Ҷамол ахиран гуфт, барои нахустин бор содироти Афғонистон ба ҳудӯди 2 миллиард доллар расидааст.Ин мақоми афғон тасреҳ кард, ки арзиши содироти Афғонистон дар соли гузашта дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли пешин 135 дарсад ва дар муқоиса бо соли ду соли пеш, 166 дарсад афзоиш доштааст.Оқои Қудраттулоҳ афзуд, ки дар як соли ахири ҳудуди 925 миллион доллар; зуғоли санг, пунба, анор, кишмиш, анҷӣр, ангур, бодинҷони румӣ, ҷалғузаи сиёҳ ва пиёз ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон содир шудааст.Дар ҳамин ҳоли Абдулносири Риштё, тоҷир ва огоҳи иқтисодӣ ба хабаргузории “Ово” гуфт, ки толибҳо дар заминаи содирот ба маротиби муваффақтар аз даврони ҷумҳурият амал кардааст.Ба гуфтаи вай дар замони ҷумҳурӣ бештар ба далели фасод ва набуд амният, тоҷирон алоқае ба сармоягузорӣ дар кишвар надоштанд ва Афғонистон камтарин мизони содиротро дар байни кишварҳои ҳамсоя ба худ ихтисос дода буд.
https://sputnik.tj/20230328/barnomai-jahonii-ghizo-ba-afghoniston-favran-kumak-irsol-namoed--1055813884.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039419566_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_4624516d0c649bf5c65ef852d5f79481.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, содирот, маҳсулот, маводи ғизоӣ, ҳукумат, толибҳо
тоҷикистон, афғонистон, содирот, маҳсулот, маводи ғизоӣ, ҳукумат, толибҳо
Ҳукумати толибҳо аз содироти маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон хабар доданд
Ҳукумати толибҳо ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон дар ҳаҷми 925 млн. доллар маҳсулот содирот кардааст
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Вазорати санъат ва тиҷорати толибҳо арзиши содироти Афғонистон дар соли гузаштаро ду миллиард доллар эълон кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати ҳукумати тлибҳо мавлави Қудратуллоҳи Ҷамол ахиран гуфт, барои нахустин бор содироти Афғонистон ба ҳудӯди 2 миллиард доллар расидааст.
Ин мақоми афғон тасреҳ кард, ки арзиши содироти Афғонистон дар соли гузашта дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли пешин 135 дарсад ва дар муқоиса бо соли ду соли пеш, 166 дарсад афзоиш доштааст.
Оқои Қудраттулоҳ афзуд, ки дар як соли ахири ҳудуди 925 миллион доллар; зуғоли санг, пунба, анор, кишмиш, анҷӣр, ангур, бодинҷони румӣ, ҷалғузаи сиёҳ ва пиёз ба Покистон, Ҳинд, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Аморат, Чин, Эрон, Ироқ, Туркия ва Қазоқистон содир шудааст.
Дар ҳамин ҳоли Абдулносири Риштё, тоҷир ва огоҳи иқтисодӣ ба хабаргузории “Ово” гуфт, ки толибҳо дар заминаи содирот ба маротиби муваффақтар аз даврони ҷумҳурият амал кардааст.
Ба гуфтаи вай дар замони ҷумҳурӣ бештар ба далели фасод ва набуд амният, тоҷирон алоқае ба сармоягузорӣ дар кишвар надоштанд ва Афғонистон камтарин мизони содиротро дар байни кишварҳои ҳамсоя ба худ ихтисос дода буд.