https://sputnik.tj/20230328/barnomai-jahonii-ghizo-ba-afghoniston-favran-kumak-irsol-namoed--1055813884.html
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Ба Афғонистон фавран кумак ирсол намоед
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Ба Афғонистон фавран кумак ирсол намоед
Sputnik Тоҷикистон
Мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид ахиран хостори ироаи кумакҳои фаврӣ ба давлати Афғонистон шуд
2023-03-28T20:20+0500
2023-03-28T20:20+0500
2023-03-28T20:20+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
фақр
кӯмак
смм
ҷомеаи ҷаҳонӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/19/1055753576_0:154:3073:1882_1920x0_80_0_0_8fa32f081d1bb555b6d0c67e6ffa27e2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Девид Бейсли ҳушдор дод, дар сурати адами ихтисоси буҷет 9 миллион нафар дар Афғонистон аз дарёфти кумакҳои хӯрокӣ маҳрум мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои афғон”,Ба гуфтаи вай, миллионҳо тан дар Афғонистон бо фақру гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.Ёдовар ешавем, ки чанде пеш Барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузориши ахири худ ҳушдор додааст, ки Афғонистон пас аз як соли вайронгарӣ дар хатари қаҳтӣ қарор дорад.Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар як гузорише гуфтааст, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда ва ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.Дар ҳамин ҳол муовини дабири кули СММ таъкид карда буд, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд.Ҳамзамон ахиран намояндаи СММ дар Кобул гуфт, ки дар кишвари 40 миллион нафарии Афғонистон, 7 миллион кӯдак зери панҷ сол ва модаронашон мубтало ба сӯитағзия ҳастанд.Вай гуфт, нисфи мардуми Афғонистон бидуни тавваҷуҳ ба фасл, гуруснагии шадидро дар тӯли сол таҳаммул мекунанд ва мавориди сӯитағзия дар Афғонистон ба болотарин сатҳ расидааст.Тасаллути толибон дар соҳи августи 2021 дар канори таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, таҳримҳои мақомоти ин гурӯҳ, тавоққуфи интиқолоти банкӣ ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллари захоири арзии Афғонистон, миллионҳо афғонистониро ба фақр ва гуруснагӣ кашонад.
https://sputnik.tj/20230328/smm-afghoniston-osiyo-mizoni-margu-miri-modaron-1055795066.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/19/1055753576_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1d7345efbfed237303b47f7a52d9ff96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, гуруснагӣ, кумак, фаврӣ, ирсол, барномаи ҷаҳонии ғизо
афғонистон, смм, гуруснагӣ, кумак, фаврӣ, ирсол, барномаи ҷаҳонии ғизо
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Ба Афғонистон фавран кумак ирсол намоед
Мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид ахиран хостори ироаи кумакҳои фаврӣ ба давлати Афғонистон шуд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Девид Бейсли ҳушдор дод, дар сурати адами ихтисоси буҷет 9 миллион нафар дар Афғонистон аз дарёфти кумакҳои хӯрокӣ маҳрум мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои афғон”,
Ба гуфтаи вай, миллионҳо тан дар Афғонистон бо фақру гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ёдовар ешавем, ки чанде пеш Барномаи ҷаҳонии ғизо дар гузориши ахири худ ҳушдор додааст, ки Афғонистон пас аз як соли вайронгарӣ дар хатари қаҳтӣ қарор дорад.
Барномаи ҷаҳонии ғизо ахиран дар як гузорише гуфтааст, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда ва ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол муовини дабири кули СММ таъкид карда буд, ки беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ҳод ранҷ мебаранд.
Ҳамзамон ахиран намояндаи СММ дар Кобул гуфт, ки дар кишвари 40 миллион нафарии Афғонистон, 7 миллион кӯдак зери панҷ сол ва модаронашон мубтало ба сӯитағзия ҳастанд.
Вай гуфт, нисфи мардуми Афғонистон бидуни тавваҷуҳ ба фасл, гуруснагии шадидро дар тӯли сол таҳаммул мекунанд ва мавориди сӯитағзия дар Афғонистон ба болотарин сатҳ расидааст.
Тасаллути толибон дар соҳи августи 2021 дар канори таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, таҳримҳои мақомоти ин гурӯҳ, тавоққуфи интиқолоти банкӣ ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллари захоири арзии Афғонистон, миллионҳо афғонистониро ба фақр ва гуруснагӣ кашонад.