Супориши Расулзода барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолӣ

© Sputnik / Пресс-служба Президента Республики Казахстан / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар дар бораи рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ ва кумак ба аҳолии кишвар супориш дод.
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин маҷлис аъзои ҳукумати кишварро барои ҳар чи зудтар расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида вазифадор кард.
Тавре хабаргузории АМИТ “Ховар” хабар додааст, дар маҷлиси навбатӣ аъзои ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо, вазифадор гардиданд.
Ҳамчунин сарвазири кишвар дар бораи вусъатбахшии тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, бо сифати баланд ва бо риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии мамлакат, супориш дод.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Баҳси натиҷаи кори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат: Раҳмон чӣ гуфт?
Дар ин ҷаласа сарвазири Тоҷикистон ба масъалаи пурраи оқибатҳои офатҳои табиӣ аҳамияти хос додааст.
Қоҳир Расулзода барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аъзои ҳукумати кишварро вазифадор намуд.
Лентаи хабарҳо
0