https://sputnik.tj/20230125/bahsi-natija-kori-rustami-emomali-hukumat-1054461372.html
Баҳси натиҷаи кори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат: Раҳмон чӣ гуфт?
Баҳси натиҷаи кори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат: Раҳмон чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон бархе аз натиҷаҳои кори шаҳрдории Душанбе дар соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд
2023-01-25T11:00+0500
2023-01-25T11:00+0500
2023-01-25T11:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5c5254b9d533f364563b7a2555db6d69.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои кораш дар ҷаласаи васеи ҳукумат ҳисобот дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Душанбе изҳор доштаст, ки тайи соли гузашта дар пойтахт 708 иқдоми созандагӣ амалӣ шудаанд. Аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино амалӣ гардиданд, афзудаст ӯ. Вай афзудааст, ки иқдомоти дигар бо фароҳам кардани беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ татбиқ шуданд. "Соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110%, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109%, хизматрасонии пулакӣ 126%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103%, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳисоботи раиси Душанбе ва вилоятҳоро шунида, роҳбарони шаҳру навоҳиро барои густариши омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ муваззаф кардаст. Ӯ дасур додаст, ки раисон ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
https://sputnik.tj/20230124/sabur-prezident-internet-narkh-past-1054447370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_162:0:1979:1363_1920x0_80_0_0_bd69fd875b581017ef620a5f638fdc2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ, натиҷа, кор, яксола
рустами эмомалӣ, натиҷа, кор, яксола
Баҳси натиҷаи кори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат: Раҳмон чӣ гуфт?
Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон бархе аз натиҷаҳои кори шаҳрдории Душанбе дар соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои кораш дар ҷаласаи васеи ҳукумат ҳисобот дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Душанбе изҳор доштаст, ки тайи соли гузашта дар пойтахт 708 иқдоми созандагӣ амалӣ шудаанд.
Аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино амалӣ гардиданд, афзудаст ӯ.
Вай афзудааст, ки иқдомоти дигар бо фароҳам кардани беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ татбиқ шуданд.
"Соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110%, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109%, хизматрасонии пулакӣ 126%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103%, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳисоботи раиси Душанбе ва вилоятҳоро шунида, роҳбарони шаҳру навоҳиро барои густариши омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ муваззаф кардаст.
Ӯ дасур додаст, ки раисон ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд.