СММ: Афғонистон дар Осиё болотарин мизони маргу мири модаронро дорад

© AFP 2023 / WedaЖенщины в салоне красоты в Кабуле, открывшемся первым после падения жесткого режима талибов, 2001 год
Женщины в салоне красоты в Кабуле, открывшемся первым после падения жесткого режима талибов, 2001 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Бинобари оморҳои Созмони милали Муттаҳид Афғонистон дар миёни соири кишварҳои Осиё болотарин мизони марг ва мири модаронро дорад
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Комисориёи олии Созмони Милал дар умури паноҳндагон ахиран бо интишори твитте зимни эъломи ин хабари афзуд, ки барои коҳиши ин омор иқдом ба омӯзиши қобилаҳои суннатӣ дар манотиқи дурдасти Афғонистон намуда аст то занони дастрасии беҳтаре ба хадамот фарзандоварӣ дошта бошанд.
Сандуқи ҷамъияти СММ чанде пеш ҳушдор дод, аз 2022 то 2025 51 ҳазор зан ба далели буҳрони иқтисодӣ ва нокоромадии низоми беҳдоштӣ, ҳангоми вилодат ҷони худро аз даст хоҳанд дод.
Амрикоеҳо илова бар таҳрими Афғонистон, даҳ миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро тавқиф кардаанд.
Вашингтон бахше аз ин пулро ба нафъи қурбониёни ҳаводиси 11 сентябр мусодира карда ва бахши дигареро низ ба сандуқе дар Швейтсария ворез карда то бидуни дахолати мардуми Афғонистон ҳазина шавад.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2023
Ташдиди гуруснагӣ дар Афғонистон: 7 миллион кӯдаку модар сӯитағзия доранд
Ёдовар ешавем, ки чанде пеш намояндаи СММ дар Кобул гуфт, ки дар кишвари 40 миллион нафарии Афғонистон, 7 миллион кӯдак зери панҷ сол ва модаронашон мубтало ба сӯитағзия ҳастанд.
Вай гуфт, нисфи мардуми Афғонистон бидуни тавваҷуҳ ба фасл, гуруснагии шадидро дар тӯли сол таҳаммул мекунанд ва мавориди сӯитағзия дар Афғонистон ба болотарин сатҳ расидааст.
Тасаллути толибон дар соҳи августи 2021 дар канори таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, таҳримҳои мақомоти ин гурӯҳ, тавоққуфи интиқолоти банкӣ ва мунҷамид шудани миллиардҳо доллари захоири арзии Афғонистон, миллионҳо афғонистониро ба фақр ва гуруснагӣ кашонад.
Лентаи хабарҳо
0