https://sputnik.tj/20230328/janubi-khatlon-zaminlarzai-sabt-1055802140.html
Дар ҷануби Хатлон заминларзаи нав сабт шудааст
Дар ҷануби Хатлон заминларзаи нав сабт шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Зилзиласанҷон қайд мекунанд, ки ларзишҳои зеризаминӣ дар ҷануби Тоҷикистон – шимоли Афғонистон тақрибан ҳамарӯза рух медиҳанд
2023-03-28T12:43+0500
2023-03-28T12:43+0500
2023-03-28T12:55+0500
заминларза
дар тоҷикистон
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳодисаи сейсмикӣ дар ҷануби вилояти Хатлон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон сабт шудааст. Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Узбекистон, заминларза ба шиддати 3,8 дараҷа тақрибан дар 20-25-километрии ҷануби Кӯлоб рух додааст. Чуқурии маркази зилзила 25 километрро ташкил дода, нисбатан ба сатҳи замин наздик буд. Дар ҷануби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар он тарафи сарҳад – дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ва вилояти Тахор низ тақрибан ҳамарӯза ҷунбиш мушоҳида мешавад. Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар Тоҷикистон як силсила заминларза рух дод, ки бар асари он биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва коммуналӣ дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ осеб диданд. Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230327/eloni-khisoroti-zaminlarza-dar-mastchoh-1055777838.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷануб хатлон заминларза нав сабт
ҷануб хатлон заминларза нав сабт
Дар ҷануби Хатлон заминларзаи нав сабт шудааст
12:43 28.03.2023 (Навсозишуда: 12:55 28.03.2023) Зилзиласанҷон қайд мекунанд, ки ларзишҳои зеризаминӣ дар ҷануби Тоҷикистон – шимоли Афғонистон тақрибан ҳамарӯза рух медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ҳодисаи сейсмикӣ дар ҷануби вилояти Хатлон дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон сабт шудааст.
Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Узбекистон, заминларза ба шиддати 3,8 дараҷа тақрибан дар 20-25-километрии ҷануби Кӯлоб рух додааст.
Чуқурии маркази зилзила 25 километрро ташкил дода, нисбатан ба сатҳи замин наздик буд.
Дар ҷануби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар он тарафи сарҳад – дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ва вилояти Тахор низ тақрибан ҳамарӯза ҷунбиш мушоҳида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар Тоҷикистон як силсила заминларза рух дод, ки бар асари он биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва коммуналӣ дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ осеб диданд.
Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.