https://sputnik.tj/20230201/jarimai-shakhsoni-huquq-qoidaho-bekhatari-sanoati-1054630971.html
Ҷаримаи 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ
Ҷаримаи 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъул беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд
2023-02-01T18:55+0500
2023-02-01T18:55+0500
2023-02-01T18:55+0500
дар тоҷикистон
бехатарӣ
риояи қоидаи бехатарӣ
ҷарима
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050612478_115:0:1166:591_1920x0_80_0_0_d6bc777bd4b4db34eee5812c6a17fe21.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима баста шуданд.Тавре дар нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон Санъат Раҳим, қайд кард риояи Қонун “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” дар корхонаҳо аз ҷониби масъулин бояд ба таври қатъӣ риоя карда шавад, зеро аз ҷарима дида, риояи қонун афзалияти бештар дорад.Ҳамзамон вай афзуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.Зикр гардид, ки ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки соли 2022 аз тарафи нозироти Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.“Дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2022 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2021 1 адад зиёд мебошад. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шудааст”,- илова кард оқои Раҳим.
https://sputnik.tj/20230121/hodisai-nokhush-jon-bokhtan-sokhtmon-khatlon-1054382100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050612478_246:0:1034:591_1920x0_80_0_0_9789652fecaf6765662407f70d029068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷарима, риоя накардан, қоида бехатарӣ, шахсони масъул
тоҷикистон, ҷарима, риоя накардан, қоида бехатарӣ, шахсони масъул
Ҷаримаи 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъул беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Тавре дар нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон Санъат Раҳим, қайд кард риояи Қонун “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” дар корхонаҳо аз ҷониби масъулин бояд ба таври қатъӣ риоя карда шавад, зеро аз ҷарима дида, риояи қонун афзалияти бештар дорад.
“Ҳадди ниҳоии ҷазои риоя накардани қонун 134 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин ҳол риоя кардани қонун ба фоидаи худи корхона аст, зеро ҷарима дар ҳолати риоя накардани қонун пешниҳод карда мешавад ва ин ба вазъи молиявии корхона зарари ҷиддӣ аст”, — гуфт ӯ.
Ҳамзамон вай афзуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.
Зикр гардид, ки ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки соли 2022 аз тарафи нозироти Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2022 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2021 1 адад зиёд мебошад. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шудааст”,- илова кард оқои Раҳим.