Чин: Аз узвияти Эрон дар БРИКС ҳимоят мекунем

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Шанхай
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин ахиран дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш аз узвияти Эрон дар БРИКС ҳимоят мекунад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Чжао Литсзян, сухангӯии Вазорати умури хориҷии Чин бо ишора ба ибрози тамоюли Эрон ба узвият дар БРИКС эълом кард, ки кишвараш ба унвони раиси давраи БРИКС дар соли ҷорӣ аз раванди афзоиши узв ва густариши ҳамкориҳои "БРИК плюс" ба шакли фаъолона ҳимоят мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Эрон.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар хусуси тамоюли Эрон барои узвият дар БРИКС Эронро кишвари шоистаи номзади ин гурӯҳи донист ва гуфт, ки узвияти Теҳрон дар БРИКС арзишманд хоҳад буд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Лавров: Эрон номзади шоиста барои БРИКС аст
Саидиброҳими Раисӣ ахиран дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи "БРИКС плюс", ки ба мизбонии Чин баргузор шуд, таъкид кард, Эрон омодагӣ дорад, ҳамаи тавонмандиҳо ва зарфиятҳои худ, аз ҷумлаи захоир камназири энержӣ, шабакаҳои ҳамлу нақл ва транзити кутоҳу арзон, сарвати истисноии нерӯи инсонии омӯзишдида ва низ дастовардҳои илмии чашмгирро, барои расидан ба аҳдофи БРИКС ба иштироки бигузорад ва ин мавқеияти камназири ҷуғрофиёии сиёсӣ ва иқтисодӣ метавонад Эронро ба шарикии пойдору қобили иттико барои иттисоли БРИКС ба гулӯгоҳҳои энержӣ ва бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ мубаддал кунад.
Эрону Аргентина хостори узвият дар БРИКС ҳастанд, ки Чину Русия дар тозатарин мавзегириҳои расмӣ аз тамоюли узвияти ҳар ду кишвар ҳимоят кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0