Эълони 4 рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: сана ва кӯчаҳо

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Дар робита ба роҳбандиҳо, ки дар пайи сафари раисҷумҳури кишвар ба Суғд сурат мегирад, аз ронандагон даъват шудааст, ки аз роҳҳои шафатӣ истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Раёсати БДА дар Суғд бо нашри хабари расмӣ аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе роҳҳои ҳудуди вилоят огоҳ намудааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, басташавии роҳҳо аз 29 март оғоз шуда то рӯзи 1 апрел давом хоҳад кард.
БДА дар шарҳи эълони худ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд дар назар дошта шуда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт бо меҳмонон ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст.
Ин ниҳод ба самъи сокинон мерасонад, ки санаҳои зерин:
29 март, кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон – Хуҷанд то Боғи миллӣ;
Санаи 30 март бошад, кӯчаҳои марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, то Р. Ҳоҷиев (Раҳимӣ) дар шаҳри Хуҷанд;
Рӯзи 31 март, аз деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод;
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад
Якуми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, Хуҷанд – Конибодом то гардиши ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Конибодом – Деҳмой аз ҷамоти Исфисор то Деҳмой, роҳи автомобилгарди Овчӣ Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати Ғозиён,
Ҳамчунин дар ин рӯз аз Деҳмой то ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, купруки ҷашнии маҳаллаи Сартуқай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р. Ҳоҷиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷ. Зокири шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон баста шуда ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар пайи роҳбандиҳо, аз ронандаҳо даъват мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Ахиран дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд хабар дод.
Манбаъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин сафари раисиҷумҳурро ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба иди Наврӯз дар шимоли кишвар шарҳ дод.
Лентаи хабарҳо
0