Таэквондокорони тоҷик ба тамрингоҳи сатҳи ҷаҳонӣ дар Русия рафтанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкТхэквандо. Предолимпийский турнир. Первый день
Тхэквандо. Предолимпийский турнир. Первый день - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Бори аввал дар Ставропол бо иштироки сармураббии ҷумҳурӣ, инчунин варзишгарони варзидаи Русия, Беларус ва Узбекистон ҷамъомадҳои таълимӣ баргузор мешаванд.
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Таэквондокорони тоҷик дар ҷамъомади тамринии сатҳи ҷаҳонӣ дар Русия ширкат мекунанд, хабар медиҳад “Вечерний Ставропол”.
Чунин ҳавмоиши варзишкорон бори аввал дар Ставропол барпо мегардад. Ифтитоҳи тантанавии чорабинӣ 31 март соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Машғулият қариб як моҳ, то 2 апрел давом карда, дар он варзишгарони варзидаи дастаҳои мунтахаби Русия, Тоҷикистон, Беларус ва Узбекистон ширкат мекунанд.
Зиёда аз 10 нафар устодони варзиши дараҷаи болои байналхалқӣ ва устодони варзиши Федератсияи Русия тамрин медиҳанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ик сармураббии тими Тоҷикистон дар ин навъи варзиш низ ширкат хоҳад кард.
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Аз таъсиси Академия то тамрин бо усули ҷопонӣ: иқдом барои рушди ҷудо дар Тоҷикистон
Ҷамъомади таълимии байналмилалии таэквондо ITF дар маҷмааи варзишии "Юг-Арена" баргузор мешавад.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Ставропол Иван Улянченко, шаҳр бори аввал чунин ҳамаоиши бузургро мизбонӣ мекунад.
"Варзишгарони омузишгоҳи ҳунарҳои размии Ставропол ва клуби "Чончи" дар ҷамъомади бонуфуз иштирок мекунанд", — гуфт ӯ.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳудуди 450 нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд, ки давоми се рӯз маҳорати худро нишон дода, табодули таҷриба мекунанд.
Маълум аст, ки ҳайати Русияро беҳтарин таэквондокорони Маскав, Санкт-Петербург, сарзаминҳои Ставропол ва Краснодар, вилоятҳои Тула, Воронеж ва Тамбов, ҷумҳуриҳои Бурятия, Бошқирдистон, Тотористон ва чанд минтақаҳои дигар намояндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Улянченко, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ҷамъомадҳои таълимии байниминтақавӣ низ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0