Сементу маводи ғизоӣ: Раиси шаҳри Панҷакент ба сокинони зарардидаи Мастчоҳ кумак расонд

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентКӯмаки шаҳри Панҷакент ба Мастчоҳ
Кӯмаки шаҳри Панҷакент ба Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Панҷакент ба сокинони деҳаи Палдораки ноҳия, ки аз заминҷунбӣ хисороти бештар дидаанд дар ҳаҷми 105 тонна кӯмак расониданд
ДУШАНБЕ, 27 мар – Sputnik. Ахиран ҳайати мақомоти шаҳри Панҷакент дар раъси раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода озими минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилои манбаъ, масъулин ба деҳаи Палдораки ноҳия, ки аз заминҷунбӣ хисороти бештар дидааст, рафтанд.
Онҳо бо сокинони ноҳия дидор карданд ва кӯмакҳои бо худ овардаро супурданд.
“Мақомоти шаҳри Панҷакент чун ифодаи дӯстию бародарӣ ва ҳамдилӣ барои зиёндидагони заминларза ба ноҳия 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хурока дастрас намуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Зимни суҳбат бо сокинон мақомот ба онҳо ваъда дод, ки ҳама ҳамватанон барои дастгирию ёрӣ ва бартараф кардани оқибати офат паҳлӯи онҳо ҳастанд ва дар кӯтоҳтарин фурсат манзил ва дигар биноҳои ёрирасони харобшуда барқарор хоҳанд шуд.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Мақомти шаҳри Панҷакент зикр кардааст, ки ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр минбаъд низ барои бартараф намудани оқибати заминларза ба онҳо дасти мадад дароз мекунанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳоло дар деҳаи Палдорак барои сокинони манзилашон осебдида хаймаҳо устувор карда, онҳо бо ҳама маводи зарурӣ таъмин шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки бартараф кардани оқибати офат идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0