Наврӯз 2023: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Обуна шудан
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти оғози зиндагии нав аст
Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.
Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Аз Эрону Ироқ то Афғонистону Тоҷикистон: таҷлили Наврӯз дар ҷаҳон - акс
Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0