Дар ВМКБ сардиву дар Душанбе ҳавои гарм: Пешгӯи обуҳавошиносон тоҷик

© Sputnik Парк имени Садриддина Айни перед праздников Навруз
Парк имени Садриддина Айни перед праздников Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2023
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносӣ кишвар обу ҳавои тағйирёбанда дар қаламрави Тоҷикистон пешгӯӣ доранд ва мегӯянд дар Душанбе ҳарорати ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, обу ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда хоҳад буд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд низ обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ кардаанд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Ҳавои вилояти Хатлон ҳам тағйирёбандаст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 16 ва рӯзона то 29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Кӯҳна ва бидуни таҳкурсӣ: КҲФ иллати тахриб шудани манзилҳо бар асари заминҷунбӣ шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 15 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда хоҳад будОбуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳаво дар пойтахт шабона то 11 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0