https://sputnik.tj/20230326/tolibho-amriko-afghoniston-zindoni-1055763981.html
Толибҳо: Ҳич шаҳрванди амрикоӣ дар Афғонистон зиндонӣ нест
Толибҳо: Ҳич шаҳрванди амрикоӣ дар Афғонистон зиндонӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар вокуниш ба изҳороти вазир умури хориҷаи Амрико изҳор дошт, ки ҳич шаҳрванди амрикоӣ дар Афғонистон зиндонӣ нест
2023-03-26T15:45+0500
2023-03-26T15:45+0500
2023-03-26T15:45+0500
афғонистон
вокуниш
толибон
зиндонӣ
амрико
шаҳрванд
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба тозагӣ вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен ахиран гуфт, ки кишвараш талош дорад, чанд амрикоие, ки дар боздошти толибҳо ҳастанд озод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.Оқи Блинкен, ки дар мавриди хурӯҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон дар конгресс суҳбат мекард, гуфт, ки мақомоти толибҳо чанд Амрикоеро боздошт кардаанд.Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ҳеҷ шаҳрванди Амрико дар Афғонистон дар банд нест.Вай илова кард, ки ба тозагии ҳам ҳеҷ амрикоие боздошт нашудааст.Вазири умурхориҷаи Амрико ҳамчунин иддао дошт, ки ҳудуди 175 нафар ки тобеъияти Амрикоро доранд дар Афғонистон ҳузур доранд.Ёдовар мешавем, ки қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА хабар дода буд, ки толибҳо ду зиндонии амрикоеро ба унвони нишон додан "ҳасни ният" аз зиндон озод кардаанд.Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрикои дар як нишаст хабарӣ гуфта буд, ки раҳои ин ду зиндонии амрикоӣ бахше аз табодулаи зиндониён ё боздошт шудагони набуда ва ҳазинае низ барои Вашингтон ба ҳамроҳ надоштааст.Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин афзуда буд, ки Вашингтон ба тамос бо толибҳо перомуни зарурати озодии ҳаргунаи табаъаи амрикоӣ, ки дар Афғонистон дар боздошт ба сар мебаранд, идома медиҳад.Он замон оқои Прайс аз ифшои ҳувият ва шумори атбоъи амрикоӣ, ки мумкин аст дар Афғонистон дар боздошт бошанд, худдорӣ кард.
https://sputnik.tj/20230326/ikhtilof-tolibho-amriko-doish-afghoniston-1055761078.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, шаҳрванд, амрико, зиндонӣ, озод, вокуниш
афғонистон, толибҳо, шаҳрванд, амрико, зиндонӣ, озод, вокуниш
Толибҳо: Ҳич шаҳрванди амрикоӣ дар Афғонистон зиндонӣ нест
Сухангӯи ҳукумати толибҳо дар вокуниш ба изҳороти вазир умури хориҷаи Амрико изҳор дошт, ки ҳич шаҳрванди амрикоӣ дар Афғонистон зиндонӣ нест
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ба тозагӣ вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен ахиран гуфт, ки кишвараш талош дорад, чанд амрикоие, ки дар боздошти толибҳо ҳастанд озод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Оқи Блинкен, ки дар мавриди хурӯҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон дар конгресс суҳбат мекард, гуфт, ки мақомоти толибҳо чанд Амрикоеро боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ҳеҷ шаҳрванди Амрико дар Афғонистон дар банд нест.
Вай илова кард, ки ба тозагии ҳам ҳеҷ амрикоие боздошт нашудааст.
Вазири умурхориҷаи Амрико ҳамчунин иддао дошт, ки ҳудуди 175 нафар ки тобеъияти Амрикоро доранд дар Афғонистон ҳузур доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА хабар дода буд, ки толибҳо ду зиндонии амрикоеро ба унвони нишон додан "ҳасни ният" аз зиндон озод кардаанд.
Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрикои дар як нишаст хабарӣ гуфта буд, ки раҳои ин ду зиндонии амрикоӣ бахше аз табодулаи зиндониён ё боздошт шудагони набуда ва ҳазинае низ барои Вашингтон ба ҳамроҳ надоштааст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин афзуда буд, ки Вашингтон ба тамос бо толибҳо перомуни зарурати озодии ҳаргунаи табаъаи амрикоӣ, ки дар Афғонистон дар боздошт ба сар мебаранд, идома медиҳад.
Он замон оқои Прайс аз ифшои ҳувият ва шумори атбоъи амрикоӣ, ки мумкин аст дар Афғонистон дар боздошт бошанд, худдорӣ кард.