https://sputnik.tj/20230319/amirkhon-muttaqi-doish-afghoniston-vujud-1055619890.html
Амирхон Муттақӣ: ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад
Амирхон Муттақӣ: ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо мегӯяд, ки ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад ва агар ҳодисае рух медиҳад аз хориҷ созмондиҳӣ мешавад
2023-03-19T14:51+0500
2023-03-19T14:51+0500
2023-03-19T14:51+0500
афғонистон
доиш
гурӯҳҳои теруристӣ
вуҷуд надорад
амният ва мудофиа
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:1526_1920x0_80_0_0_c031255c29b2e8c3c052646db2a11b23.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, дар гуфт угӯ бо телевизион миллӣ гуфтааст, афроде, ки бо толибҳо даргир мешаванд “хориҷӣ” ҳастанд ва аз “берун” меоянд ва таъкид кард ки ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дар Афғонистон вуҷӯд надорад.Аммо вай тавзеҳ надод, ки аъзои ДОИШ* аз кадоми кишвар ва чигуна вориди Афғонистон мешаванд.Оқои Муттақӣ сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибҳо ҳамчунон таъкид кард, ки афғонҳо бо ҳам мушкилӣ надоранд.Ӯ ҳамчунин изҳороти тозаи Майкл Курило, раиси ситоди фарҳангии Амрико дар ховари миёнаро ҳам рад, ки гуфта буд таҳдиди ДОИШ* дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабариаш гуфта буд, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДОИШ* дар қаламрави Афғонистон ба 6500 нафар расидааст.Ба гуфтаи Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд."Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
https://sputnik.tj/20230214/spad-jangiyon-doish-afghon-nazdiki-sarschad-toikiston-1054908115.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:2036_1920x0_80_0_0_810c341d9ab50415b5aa0522a06d95a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, доиш, муттақӣ, вуҷуд надолрад, гурӯҳ, террористӣ, амният
афғонистон, осиёи марказӣ, доиш, муттақӣ, вуҷуд надолрад, гурӯҳ, террористӣ, амният
Амирхон Муттақӣ: ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад
Сарпарасти вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо мегӯяд, ки ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад ва агар ҳодисае рух медиҳад аз хориҷ созмондиҳӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, дар гуфт угӯ бо телевизион миллӣ гуфтааст, афроде, ки бо толибҳо даргир мешаванд “хориҷӣ” ҳастанд ва аз “берун” меоянд ва таъкид кард ки ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф дар Афғонистон вуҷӯд надорад.
Аммо вай тавзеҳ надод, ки аъзои ДОИШ* аз кадоми кишвар ва чигуна вориди Афғонистон мешаванд.
Оқои Муттақӣ сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибҳо ҳамчунон таъкид кард, ки афғонҳо бо ҳам мушкилӣ надоранд.
Ӯ ҳамчунин изҳороти тозаи Майкл Курило, раиси ситоди фарҳангии Амрико дар ховари миёнаро ҳам рад, ки гуфта буд таҳдиди ДОИШ* дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабариаш гуфта буд, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДОИШ* дар қаламрави Афғонистон ба 6500 нафар расидааст.
Ба гуфтаи Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.
Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия